• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Ҷаласаи Шурои занон

9-ноябри соли равон таҳти раёсати муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ муҳтарама Бобокалонова Раъно Норбоевна ҷаласаи Шурои занони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуд.

Дар ҷаласа муҳтарама Бобокалонова Р. Н. ба аъзоёни Шурои занон раиси навтаъин гардидаи Шурои занони донишгоҳро муаррифи намуд.

Қайдгардид, ки дар асоси пешниҳоди раёсати тарбия дар мувофиқа бо ректори донишгоҳ муҳтарам Носирҷон Салимӣ омӯзгори калони кафедраи Фалсафа Саидова Гулхумор Зинатовна ба вазифаи Раиси Шурои занони донишгоҳ таъин карда шуд

Муовини ректор оид ба корҳои тарбияви муҳтарама Бобокалонова Р. Н. дар идомаи ҷаласа мухтасар оид ба фаъолияти Шурои занон сухан ронда, қайд карданд, ки донишҷӯён чун фарзандони мо мебошанд ва мо бояд корҳои тарбиявиамонро тарзе ба роҳ монем, ки  дар замони муосир омодагии касбии донишҷӯёнро барои дар ҷомеа  пайдо намудани мавқеи худ таъмин намуда, барои ба раванди чаҳонишавии чомеа ворид шудани онхо кумак расонем.

Илова бар ин, ба аъзоёни Шурои занон вобаста ба самти фаъолият ва дар асоси Нақшаи кории Шурои занон як қатор супоришҳои мушаххас дода шуд.

Раиси Шурои занони донишгоҳ Саидова Г. З. дар идомаи ҷаласа қайд намуд, ки мо ҳама бояд сиёсати имрӯзаи Пешвои миллатро сармашки кори худ карор дода, дастуру супоришҳои раёсати донишгоҳро бахри дуруст ва босамар ба роҳ мондани корҳои тарбияви иҷро намоем.

 

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj