• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

Аrticles

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
Friday, 05 February 2021 03:31
There are no translations available.

 

ХОНИШИ САТРИ ЯК КИТОБ, ҲОСИЛИ УМР МЕШАВАД

41.JPG - 231.18 KbСубҳи имрӯз дар саҳни ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ боз намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри Муассиаи нашриявии «Адиб» баргузор гардид, ки дар он ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Усмонзода Нуъмонҷон Ғаффорӣ, муовинони ректор, сардорони раёсатҳо ва дигар устодону донишҷӯён ва дӯстдорони сухани волои осори адибони бузурги  адабиёти илмиву бадеӣ иштирок доштанд.

Мавриди зикр аст, ки  намоиш-фурӯши китобҳои тозанашрро кормандони Муассиаи нашриявии «Адиб», ки баҳри ғизои маънавӣ гирифтани хурду бузурги мардуми кишвар дастранҷиҳо доранд,  раҳбарӣ мекарданд ва аз навгониҳои тозанашрии китобҳои “Гулбоғи рубоӣ”-и Раънои Мубориз, “Оини ноз”-и Шоҳона, “Подош”-Сироҷиддин Икромӣ, “Ҷаҳони маънавии Чингиз Айтматов”-и Абдуғаффор Абдуҷабборов, “Тарозуи чашм”-и Давлат Сафар ва ғайра ба устодону донишҷӯён иттилоъ медоданд.

 
Thursday, 04 February 2021 09:49
There are no translations available.

 

ҲУНАРМАНДӢ ЗИ МО ОМӮЗ, КИ ЗЕБИ САД ҲУНАР ДОРӢ!

photo_2021-02-04_08-01-32.jpg - 192.00 KbСехи дӯзандагии назди Парки технологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, хоҳишмандонро ба курси омӯзишии кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ даъват менамояд . Дӯкони дӯзандагии мазкур дар  ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ  хиёбони Рӯдакӣ-121 воқеъ гардида, дорои мошинаҳои чокдӯзии наву замонавӣ мебошад ва  мутахассисонро дар тӯли 3-моҳ дар ду баст: дӯзандагӣ, қолинбофӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ (гулдӯзии компютерӣ), гулдӯзии дастӣ, атласбофиву попуриро меомӯзонад. Роҳбарии ин  дӯкони дӯзандагиро зани соҳибкасбу  кордон Ҷамилова Қутбинисо бар ӯҳда дорад.

 
Tuesday, 02 February 2021 11:41
There are no translations available.

 

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ДДОТ

БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ

21.JPG - 212.63 KbРӯзи 2-юми феврали соли 2021 дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки васоити ахбори оммаи кишвар нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Нахуст, ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода ҳозиринро ба ин боргоҳи илму маърифат хушомадед намуда, доир ба дастовардҳои назарраси устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар самти илм, таълим, тарбия, робитаҳои байналмиллалӣ ва қисмати хоҷагидорӣ фаъолияти назарраси донишгоҳро дар зарфи як сол баррасӣ намуда, инчунин барои як соли баъдӣ нақшаҳои дурнамои донишгоҳро муайян сохт.  Зимни суханронии худ сарвари донишгоҳ қайд намуд,

 
Tuesday, 02 February 2021 05:22
There are no translations available.

 

 

Оғози сафари корӣ дар вилояти Суғд

02.02.2021 10:27, шаҳри Хуҷанд

2 феврали соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар иди Садаи ниёгон, таъсиси боғҳои нав, мулоқоту суҳбат бо сокинони вилоят, ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба ифтихори иди бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода истиқбол гирифтанд.

 
Tuesday, 02 February 2021 03:56
There are no translations available.

 

САДА ОМАД, КИ ТУРО МУЖДА ДИҲАД АЗ НАВРӮЗ!


7.JPG - 185.80 Kb

01-уми феврали соли 2021 дар факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ семинари илмӣ дар мавзӯи «Иди Сада ҷашни ниёгони тоҷикон» баргузор гардид. Дар ин семинари илмӣ декани факултети таърих д.и.т. Ҳусейнов А., раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён Раҷабов Д., мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Абдураҳмонов М., омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет ширкат варзиданд. Нахуст, бо сухани ифтитоҳӣ декани факултети таърих, д.и.т. Ҳусейнов А. баромад намуда, тамоми иштирокчиён ва меҳмононро бо фарорасии Ҷашни Сада, ки яке аз ҷашнҳои миллии мо тоҷикон ба ҳисоб меравад, табрику муборакбод намуд.

 
Tuesday, 26 January 2021 09:48
There are no translations available.

 

ПАЁМИ ПЕШВО - РАҲНАМОИ МОСТ

83.jpg - 305.18 KbИмрӯз, шуруъ аз соати 10:00 дар “Кохи Сомон” Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Вобаста ба ин, бо ташаббуси Раёсати ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар толори бинои асосии донишгоҳ кормандон, омӯзгорону донишҷӯён, инчунин дар ҳамаи синфхонаҳои факултетҳо, кафедраҳои тахассусиву умумидонишгоҳӣ ва дигар зерсохторҳои донишгоҳ Паёми Пешвои миллатро тавассути оинаи нилгун тамошо намудаву аз он як ҷаҳон маъниву таассуроти баланд бардоштанд.

 
Tuesday, 26 January 2021 08:49
There are no translations available.

 

 

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам

Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»


64.png - 194.47 Kb26.01.2021 12:15, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад.

Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд.

Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад.

Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад.

Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ чунин буҳрони шадиду фарогир дар сад соли охир бори аввал ба миён омада, боиси таназзули ҷиддии иқтисодиёти ҷаҳон гардид.

 


Page 126 of 303
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

Мы в