• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

Аrticles

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
Saturday, 12 September 2020 15:39
There are no translations available.

 

Боздид аз ҶСК “Маърифатпарвар” дар шаҳри Панҷакент

82.png - 233.21 Kb12.09.2020 09:07, шаҳри Панҷакент

12 сентябр дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти коргоҳи меваи хушк ва сардхона дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Маърифатпарвар”-и назди Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент шинос шуданд.

Корхонаи “Маърифатпарвар” дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат, Парки технологиро таъсис додааст, ки он дорои имкониятҳои васеъ барои истеҳсоли номгӯйи зиёди маҳсулот ва омӯзиши технологияи инноватсионӣ мебошад. Роҳбарияти муассиса дастгоҳи мевахушккунии муосир харидорӣ карда, коргоҳи меваи хушк ва сардхонаро фаъол гардонидаанд.

 
Saturday, 12 September 2020 15:16
There are no translations available.

 

Ба истифода додани меҳмонхонаи “Саразм плаза” дар

шаҳри Панҷакент ва тақдими туҳфаҳо ба 30 ятими кулл

 

81.png - 210.27 Kb12.09.2020 09:05, шаҳри Панҷакент

Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Панҷакент Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи “Саразм плаза”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар ҳамин ҷо бо кӯдакони ятими кулл мулоқот карданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, меҳмонхонаи шашошёна аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Панҷакентсоз” бо пайгирӣ аз иқдомҳои созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, дар он мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ шароит фароҳам оварда шудааст.

 
Saturday, 12 September 2020 15:07
There are no translations available.

 

Истиқбол дар фурудгоҳи шаҳри Панҷакент ва ба истифода

додани Беморхонаи марказӣ

 

80.png - 214.25 Kb12.09.2020 08:23, шаҳри Панҷакент

12 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ташриф оварданд.

Сарвари давлатро сокинони ноҳия, ҷавонон, кормандони касбу кори гуногун ва фаъолон бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.

Бояд гуфт, ки сафарҳои кории Президенти мамлакат ба ин шаҳр пайки ободониву бунёдкорӣ оварда, ин навбат низ бо иштироки Пешвои муаззами миллат корхонаҳои истеҳсолӣ, инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустиву фарҳанг мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.

 
Saturday, 12 September 2020 14:59
There are no translations available.

 

Ба истифода додани ҶДММ “ТАЛКО Флюорит” дар мавзеи Саратоғи ноҳияи Айнӣ

 

79.png - 192.47 Kb12.09.2020 08:05, ноҳияи Айнӣ

12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ифтитоҳ ва гузоштани санги асоси як қатор иншооти таъиноташ гуногун ва шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардид.

Дар фурудгоҳи муваққатии мавзеи Саратоғи ноҳияи Айнӣ Сарвари давлатро роҳбарият ва фаъолони вилоят самимона истиқбол гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар  мавзеи Саратоғ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТАЛКО Флюорит”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

 
Friday, 11 September 2020 10:20
There are no translations available.

 

 

78.png - 288.44 KbОшён гар мегузорӣ, дар баландиҳо гузор...

Имрӯз Толибҷон Самизода номзади илмҳои иқтисодӣ, корманди пуртаҷрибаву маҳоратманди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, саромӯзгори кафедраи иктисодиёт ва идоракунии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсонаш, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” мукофотонида шуд.

 
Thursday, 10 September 2020 10:18
There are no translations available.

 

«Авангард» -пешоҳангони донишгоҳ

77.jpg - 49.10 KbСанаи 10-уми сентябри соли равон дар толори бинои асосии донишгоҳ вохӯрии намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷавонони гурӯҳи «Авангард»-и донишгоҳ баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур нахуст сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси донишгоҳ Давлатхон Назаров баромад намуда доир ба фаъолияти ҷавонони «Авангард» дар давраи маъракаи муҳими сиёсӣ-Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуданд. Ҳамчунин дар идома гурӯҳи «Авангард»-и донишгоҳ  таъсис дода шуда, дар он омӯзгорони ҷавони то сини 30 -сола ҷалб гардиданд.

 
Tuesday, 08 September 2020 03:04
There are no translations available.

 

Нашри китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров

 

70.png - 111.50 Kb08.09.2020 12:08, шаҳри Душанбе

Тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 чопи китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров аз тарафи чопхонаи «Нашриёти муосир» оғоз шуда, нимаи дуюми моҳи сентябри соли равон тақсимоташ ба шаҳру ноҳияҳо шурӯъ мегардад.

 


Page 151 of 303
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

Мы в