• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
10.09.2019 05:19

 

ҶАШНИ 28-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ
МУБОРАК

zan 46.jpg - 77.04 KbДар доираи нақша чорабиниҳо бахшида ба таҷлили ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани агрегати дуюми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» рӯзҳои 6,7 ва 8 сентябри соли 2019 аз соати 18:00 то 19:00 дар боғи фарҳангию фароғатии «Боғи устод Рӯдакӣ» дастаи фарҳагии «Черанамо»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 
06.09.2019 11:23

 

ИСТИҚЛОЛИЯТ КӮЧАБОҒИ САБЗИ КИШВАР

(Чорабинии идона бахшида ба 28-умин солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон )

zan 5.jpg - 51.99 KbШояд болотар ва шоистатар аз ин тафсире барои вожаи Истиқлолият шарҳе дар ваҷҳи ниёзмандии инсон пайдо натавон кард. Ин ҷойгоҳу мақоми шоёни истиқлолияти комилро таърих дубора дар оинаи хеш дар марҳилаи навини рӯзгори тоҷикон мутаҷаллӣ сохт, то сабақҳои тозае бардорем ва боз ҳам дар ниёзмандии беандоза ба вуҷуди мубораки ин рӯзи муборак дар рӯзгори чӣ сиёсиву иҷтимоӣ ва чӣ фарҳангиву маънавӣ бошем.

 
05.09.2019 04:34

 

 

Намоиши нуҳуми «Китоби Душанбе»

zam 106.jpg - 14.77 KbҲунари китобхонӣ яке аз муҳимтарин маҳоратҳои асосии дунёи имрӯз ба шумор меравад ва мутолиа барои доштан иртибот бо ҷомеаи имрӯз амри зарурӣ гаридидааст. Зеро ба андешаи бархе коршиносон хондан ва мутолиаи китоб  кӯмак мекунад то афрод тахайюли фаъолтаре дошта бошанд ва ин тахайюл омили  пешрафти шахс  дар ҷомеа мешавад. Китоб хондан ҳофиза ва тамаркузро беҳбуд мебахшад ва ҳамчунин боиси коҳиши стрес мешавад.

 
01.09.2019 07:52

 

 

Ташрифи муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

zam 102.jpg - 64.89 KbСанаи 1-уми сентябри соли равон муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Латофат Назирӣ ба донишгоҳ ташриф оварда, дар толори шӯрои олимон бо устодони донишгоҳ вохурии судманд анҷом доданд. Нахуст муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Латофат Назирӣ тамоми устодони донишгоҳро аз номи худ ва аз номи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фарорасии соли нави таҳсил ва Дарси сулҳ табрик намуда,

 
01.09.2019 05:18

 

ЗИ ДОНИШМАНДӢ МОРО САРФАРОЗИСТ…

Паёми табрикии ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода ба муносибати оғози соли нави таҳсил

Дӯстони гиромӣ, устодон ва донишҷӯёни азиз!

zam 91.jpg - 2.05 MbФарорасии соли нави таҳсилро бароятон самимона табрик мегӯям. Бигзор  сафо ва файзи соли нави таҳсил, ки ҳамагон чун Рӯзи дониш ва дарси Сулҳ медонанд, дар  донишгоҳ ва саросари кишвари  тозаистиқлоли мо ҳамеша пойдору абадӣ бошад.

Қайд кардан ба маврид аст,  ки маънои калимаҳои  «донишгоҳ», «дониш» ва «сулҳ» бо ҳам иртиботи маъноии қавии  ногусастанӣ доранд.

 
30.08.2019 09:50

 

 

ДАСТОВАРДИ ДОНИШГОҲИ МО

zam 90.jpg - 179.74 Kb29 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 28 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супоридаанд.

 
12.07.2019 10:08

 

 

ДДОТ: КӮШИШҲО БАРОИ ҶОЙИ АВВАЛ

zam89.jpg - 99.60 Kb

11 июли соли 2019 нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ бо намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид. Дар ин нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳи мазкур натиҷаҳои ҷамъбасти нимсолаи якуми соли равонро пешкаши рӯзноманигорон намуд. Мавсуф зикр намуд, ки: «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои такомули бештари Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 
26.06.2019 08:53

 

ҶАВОНОН ВА ҲИФЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ваҳдат калимаи арабӣ буда, маънои ягонагӣ, воҳидро дорад. Бузургии Худо, Модар, Падар, Замин, Ватан, Офтоб ва дигарҳо дар он аст, ки онҳо ягона мебошанд. Набудани яке аз инҳо маънои набудани ҳаётро дорад. Мазмуни аслии ваҳдат низ ҳамин аст. Мо инсонҳо бояд ягона бошем – яъне муттаҳиду ҳамбаста чун як тан. Вақте муттаҳид мешавем пуриқтидору бузург ва ба ҳама амали накӯю шоиста дастёб мегардем. Ваҳдат ё ягонагӣ аз рукнҳои дӯстӣ, тартибу низом, рафоқат, ҳамбастагӣ, эҳтироми ҳамдигар ва арзиши олӣ доштани инсон иборат аст. Ҳамрадифи калимаи «ваҳдат» «сулҳ» аст. Сулҳу ваҳдат инкоркунандаи ҷангу низоъ ва нооромию душманист. Ваҳдат дар ҷомеа бисёре аз хислатҳои манфии инсонӣ кинаю адоват, бадбинӣ душманӣ, бадхоҳӣ, ҷангу низоъ, нобаробариҳои иҷтимоӣ ва қашоқию дилшикастагиро аз байн мебарад. Инсонҳо хушбахту хушрӯз мегарданд. Ояндаи ҷомеа ва ҳаёти давлатдорию давлатсозӣ, ки дар дасти мо ҷавонон аст инро мо бояд хуб дарк кунем.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ