• Таджикский
  • Руский
  • Английский

Географияи табии

Кафедрахо 54
There are no translations available.

 

 


Рауфов Раҳматулло Неъматович
Мудири кафедраи географияи табии
номзади илмҳои география, дотсент
Тел: (+992) 55555629
E-mail:


Рауфов Раҳматулло Неъматович (соли таваллуд 1967, д. Сармайдони н. Муминобод) – географ, номзади илмҳои география (2017), дотсент (2019), муаллифи монография, мақолаҳои илмӣ (беш аз 50-то), дастурҳои таълимӣ – методӣ, китобҳои дарсӣ. Соли 1992 Донишгоҳи давлатии омȳзгории ш. Душанбе ба номи Қ. Ҷȳраевро бо дипломи аъло хатм кардааст. Солҳои 1985 – 1987 дар сафҳои Артиши Шуравӣ хизмат карда, баъди хизмати ҳарбӣ аз соли 1992 то инҷониб дар кафедраи географияи табиӣ ва кишваршиносии факултети географияи Донишгоҳи давлатии омȳзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ҳамчун ассистент, муаллим, муаллими калон, дотсент ва мудири кафедра кор мекунад.

Кафедраи Географияи табии

Кафедраи географияи табиӣ яке аз кафедраҳои фаъоли факултети географияи Донишгоҳи давлатии омȳзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буда, соли 1957 таъсис ёфтааст. Ҳайати профессорон ва омȳзгорони кафедра дар тȳли фаъолият худ ҳамеша ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул буда, садҳо корҳои илмиашонро рȳйи нашр овардаанд.  Қайд кардан бомаврид аст, ки истиқлолият барои омȳзгорон, махсусан омȳзгорони ҷавони кафедра имкониятҳои мусоид фароҳам овард, то ки баҳри баланд бардоштан ва пешрафти илмҳои табиӣ-географӣ дастовардҳои навтаринро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳатто англисӣ рȳйи нашр оранд.

Ҳоло дар ҳайати кафедраи географияи табиӣ 1 нафар профессор Муртазоев У.И., 2 нафар н.и.г., дотсент Рауфов Р.Н. ва Имомов А.А. кор ва фаъолият доранд. Ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра имрӯз дар мавзуи мубрами рӯз тадқиқотҳои илмӣ бурда истодаанд. Мавзуи асосии илмии кафедра «Захираҳои обии ҶТ ва истифодаи оқилонаи онҳо»  ва “Роҳҳои ҳифзи пиряхҳои ҷумҳурӣ” мебошад, ки дар ин раванд омӯзгорон корҳои илмии худро пеш бурда истодаанд.

Омӯзгорони кафеда

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj