• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Кафедраҳои умумидонишгоҳӣ

Ҳисоботи ахборотӣ-омории

кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳӣ

аз 23 то 29 ноябри соли 2017

Баргузории  семинари илмӣ-методӣ

Мувофики нақша семинари илмӣ-методӣ дар кафедра ду маротиба дар як моҳ дар Маркази  Лоиҳаи таҳкими равиши педагогӣ баргузор мегардад. Мавзeъҳои семинари илмӣ-методӣ дар доираи масъалаҳои дар фаъолияти кафедра барассишаванда матраҳ гардидаанд. Дар таърихи 28.11.17 дар мавзӯи «Низомномаи таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби муаллими калон Пулотов А. презентатсия гузаронида шуд.

Ба омӯзгорон бо равиши кори таҳсилоти фосилавӣ, кор дар кабинетҳои инфиродӣ, тарзи робита намудан бо донишҷӯёни шуъбаи ғоибонаро омӯзонида шуд. Натиҷаи кори семинар аз он шаҳодат медиҳад, ки омӯзгорон бо усулҳои нави замонавии раванди таҳсил шинос гардида, савияи касбии худро дар мавриди истифодаи воситаҳои техникии замонавӣ баланд мебардоранд.

Забон донӣ - xаҳон донӣ!

Бо ин мақсад ҳафтаи сипаришуда устодони кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳӣ дар Маркази русӣ аз фанни забони русӣ диктант навиштанд. Диктант дар мавзӯи «Золотая осень» буда, омӯзгорон мавриди навиштан ба қоидаҳои грамматикию имлоии дар матн ҷойдошта бодиққат гӯш дода, онҳоро риоя намуданд. Гузаронидани чунин фаъолиятҳо барои аз худ намудани забонҳои дигар, аз ҷумла русӣ мусоидат намуда, омӯзгоронро ба мутолиаи асарҳои бадеии ба забони русӣ навишта водор месозад.

Чорабиниҳои фарҳангӣ-фароuатӣ

Дар ҳафтаи сипаришуда, омӯзгорони кафедра хондани асари устод Садриддин Айнӣ «Ёддоштҳо»-ро идома дода, баъд аз анҷоми дарс дар мавридҳои муайяншуда, мавриди саволу ҷавоб қарор доданд.

Мудири кафедра                         Л.Иматова

 

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: www.tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj