• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Кафедраҳои умумидонишгоҳӣ

Ҳисоботи кафедраи сиёсатшиносӣ

(аз 25.11.2017 то 01.12.2017)

Мувофиқи ҷадвали дарсҳои кушоди намунавии омӯзгорони кафедра дар таърихи 30.11.2017 ассистенти кафедра Имомназарова Мавҷуда дарси кушоди намунавиро дар факултети забони англисӣ дар курси чорум дар мавзӯъи “Миллатҳо ва муносибатҳои миллӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи муосир” баргузор намуд, ки дар он устодони кафедра Бедилов Ҳ., Ахиева С., Қувватов С иштирок намуданд.

Тибқи нақша семинари илмӣ-методӣ дар кафедра ду маротиба дар як моҳ дар доираи масъалаҳои мубрами ҳаёти сиёсии ҷомеаи муосир мавриди барассӣ қарор мегирад. Дар таърихи 01.12.2017 дар мавзӯи «Омӯзиши категорияи системаи сиёсӣ аз нуқтаи назари илмии пажуҳишгорон» аз ҷониби н.и.с., дотсент Ҳакимов Р.М. баргузор гардид, ки дар он устодон, докторантон ва магистрони кафедра иштирок намуданд.

Ҳафтаи сипаришуда устодони кафедра дар Маркази русӣ аз фанни забони русӣ диктант навиштанд. Гузаронидани чунин нақшаҳо барои аз худ намудани забони русӣ мусоидат менамояд. Устодони кафедра дар факултетҳои Донишгоҳ оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дарсҳои факултативӣ гузарониданд. Инчунин мавзӯъи рисолаи номзадии унвонҷӯи кафедра Мусоев И.М. мавриди баррасӣ қарор дода шуда барои тасдиқ ва таъйин намудани роҳбари илмӣ ба Шӯрои олимони Донишгоҳ пешниҳод гардид.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: www.tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj