• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Факултетҳо

Хабарҳо

Танзим осоиштагии мардум

Дар факултети таърих оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» санаи 08.12.2017 соати 1200 семинари илмӣ- назариявӣ дар мавзӯъи «Танзим осоиштагии мардум» бахшида ба  қонуни мазкур баргузор карда шуд.

Дар семинар ноиби ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Бобокалонова Р., кормандони Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хоҷамиров М., Тухтахоҷаев М., декани факултети таърих  Муродзода А., муовинони декани факултет Ҳусайнов А., Наҷмуддинов Т., Шарофова М. ва омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок ва суханрони намуданд.

 

Декани факултет Муродзода А. меҳмононро ба иштирокчиёни  семенари  мазкур шинос намуда, сипас сухани ифтитоҳиро ба ноиби ректор оид ба корҳои тарбиявии ДДОТ ба номи С. Аӣнӣ, муҳтарама Бобокалонова Р. супорид.

Муаллима дар аввал меҳмононро хушомадед гуфта,оид ба сари вақтӣ қабул  намудани  қонуни мазкур андешаҳои худро баён дошта, қайд намуданд, ки мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷамоатчигии кишвар бахшида ба 10 – солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 11 июли соли ҷорӣ баргузор гардид, ҷиҳати аз байн бурдани таассубгароию  бегонапарастӣ ва тақлидкориву риёкорӣ дар байни ҷомеа таҳаввулоти ҷиддиро ба миён овард.

Вай аз омӯзгорону донишҷӯён даъват ба амал оварданд, ки даромади хонаводаи худро сарфакоронаву мақсаднок истифода намуда, ояндаи зиндагии шоистаи фарзандони худро таъмин намоянд.

Сипас, муовини ректор  риштаи суханро ба намояндагони Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода, Хоҷамиров М. дар мавзӯи «Танзими анъана, ҷашну маросимҳо ва аҳамияти он барои тараққиёти ҷомеа» баромад намуда, оид ба  нақшу аҳамияти он дар рушди Тоҷикистон ва боло бурдани вазъи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ сухан ронд. Тухтахоҷаев М. бошад дар мавзӯъи «Тартиби сарфаву сариштакорӣ, дарки зарар ва гирифтани фоида ҳангоми баргузор намудани маъракаҳо»  ба сухан баромада, доир ба аҳамияти сарфаву сариштакорӣ ва нақши он дар ҳаёти имрӯзаи сокинони кишвар андешаҳои хешро баён дошт.

Баъд аз шунидани маърӯзаҳо устодону шогирдон ба муҳокимаи масъалаҳо баромада, миёни иштирокчиёну меҳмонон саволу ҷавоб доир  гардид.

Дар охири семенар декани факултет Муродзода А. ба сухан баромада ба  маърӯзачиҳо барои маърӯзаҳои пурмуҳтаво изҳори сипос намуданд.

 

Муовин декан

оид ба корҳои тарбиявӣ                                        Т.Наҷмуддинов

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj