• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Кафедраҳои умумидонишгоҳӣ

Хониши «Ёддоштҳо» арҷгузорӣ ба осори Садриддин Айнӣ

Омӯзиши осори гаронмояи адабиёти тоҷик, тарғиби он, эҳёи суннатҳои фаромӯшшуда, зинда кардани ҷашну маросими миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, тарғиби корномаҳои Қаҳрамонони Тоҷикистон ва ба ин васила боло бурдани ҳисси худшиносии мардум аз иқдомҳои созандаи Асосгузори суҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мегардад.

 

Бобати амалӣ намудани ин иқдом бо ибтикори Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, академик Носирҷон Салимӣ ба хотири тарғиб ва гиромидошти осори Асосгузори адабиёти навини тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон  Садриддин Айнӣ аз 13- уми ноябри соли равон озмуни хониши «Ёддоштҳо» - и Садриддин Айнӣ оғоз гардид. Озмун рӯзи 13-уми ноябр аз факултети филологияи тоҷик шурӯъ шуда, марҳила ба марҳила дар ҳамаи факултетҳо идома меёбад. Он дар се навъ – хониши мустақилона, пахш тариқи сомони донишгоҳ ва хониш ба таври наттоқӣ сурат мегирад.

Ҷиҳати муайян намудани дониши устодон ва хонандагон дар мавриди ин шоҳасар комиссия ташкил гардидааст ва тавассути саволномаи тестӣ дониши онҳо санҷида мешавад. Ба ғолибон 12 мукофоти пулӣ таъйин шудааст.

Илова бар ин, ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар доираи ин чорабинӣ тасмим гирифтааст, ки боздиди донишҷӯёнро ба хона музейи Садриддин Айнӣ ва Боғи Айнӣ, ки ба тозагӣ бозсозӣ гардида аст, ташкил намояд. Ба ин васила, донишҷӯёни хориҷӣ- русҳо, туркманҳо, узбекҳо, куриёиҳо, ки дар донишгоҳ таҳсил менамоянд, бо ҳаёту фаъолияти Асосгузори адабиёти навини тоҷик ошно мегарданд.

Донишгоҳи омӯзгорӣ, ки номи Садриддин Айниро дорад,  азм дорад дар моҳи апрели соли 2018 озмуни ҷумҳуриявиро дар мавриди омӯзиши осори Айнӣ доир намояд.

Таъсиси Маркази Айнишиносӣ низ аз ташаббусҳои шоистаи ректори донишгоҳ аст. Минбаъд дар ин Марказ маҳфилҳои мубоҳисавӣ оид ба мероси адабӣ ва зиндагиномаи Айнӣ доир мегарданд, ҷанбаҳои норавшани эҷодиёти ӯ мавриди пажӯҳиш қарор мегиранд, таълифи китобу рисолаҳо роҷеъ ба ин бузургмард бо диди нав ба роҳ монда мешаванд.

Саидмуроди  Хоҷазод

 
free pokerfree poker

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: www.tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj