• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Информация
There are no translations available.

НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ДАР ТАШАККУЛИ ҚОНУНГУЗОРИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

Истиқлол бузургтарин неъмат, волотарин дастовард дар таърихи миллати тоҷик ва даврони давлатдории он мебошад.Онро метавон барои миллати мо як навъ санҷиши таърихӣ маҳсуб донист, ки дар роҳи ҳифзу ҳимояи он бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем.

Дар ин росто лозим ба зикр аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон якчанд омилҳои мухталиф вуҷуд доштанд, ки онҳоро метавон шартан ба ду гурўҳ ҷудо намуд:

1. Омилҳое, ки дар бақои истиқлоли кишвар монеа эҷод мекарданд;

2. Омилҳое, ки баҳри бақову тантанаи истиқлоли кишвар хизмат намудаанд.

Аз ҷумлаи омилҳое, ки ба банди аввал дохил мешаванд, омилҳои иртиҷоиро ном бурд, ки хусусияти сиёсӣ дошта, дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон хатарҳои зиёдеро ба миён овардаанд. Хавфноктарини ин омилҳо моҷароҳои сиёсӣ буданд, ки минбаъд дар аланга афрӯхтани ҷанги шаҳрвандӣ сабаб шуданд. Омилҳое, ки дар бақову тантанаи истиқлоли кишвар саҳми муносиб гузоштаанд, хеле зиёданд, ки бартараф намудани монеаҳои инкишофи мутаносиб, ҳалли зиддиятҳо ва муқовимати оштинопазир аз ҷумлаи инҳо мебошанд.

Муҳимтарин омиле, ки дар бақову тантанаи истиқлоли кишвар саҳми муносиб доштааст, ин Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) мебошад, ки дар таърихи 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардид. Метавон бо итминони комил гуфт, ки иҷлосияи мазкур ва асноди ҳуқуқии марбут ба он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид. Ин иҷлосияи таърихӣ сабаб гашт, ки дар он шабу рўз роҳбарияти нави Тоҷикистон, пас аз омўзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъият ба мақсади раҳоии кишвар аз бўҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кори мақсадноку самароварро оғоз намояд. Муҳимтарин масъала дар ин давра такмил додани қонунгузории миллӣ ба ҳисоб мерафт. Маҷмуи асноди меъёриву ҳуқуқӣ, ки дар ин иҷлосияи таърихӣ қабул гардид, шаҳодати минбаъд бо роҳи демократӣ пешрафт намудани кишварро ба мо исбот намуд. Табиист, ки таҳкими конститутсионии волоияти қонун, усули таҷзияи ҳокимият, таъмини пурраи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, усули плюрализми идеалогӣ ва сиёсӣ ва як қатор муқаррароти дигар ҷустуҷўи роҳҳои босамару сифатноки татбиқи ҳаётии онҳо ва таҳлили амиқу ҳамаҷонибаи таҷрибаи ҳуқуқиву давлатдориро тақозо дошт [Иҷлосия – сароғози таърихи навини тоҷикон. Самиев Холмаҳмад. //Ба қуллаҳои дониш.30.10.2012. №12 (1323). Сешанбе. С.7.].

Дар ҷараёни иҷлосия як қатор санадҳои муҳим баҳри пешрафт ва сулҳу суботи ҷомеа ба имзо расиданд, ки аз фаъолияти самарабахш дарак медод. Ин ҳама пас аз интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба сифати раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурўъ гардид. Дар суханронии аввалини худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфт: «Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам». Бо назардошти вазъи сиёсӣ ва бо мақсади таъмини суботи сиёсӣ Иҷлосия қарори дахлдор қабул намуда, аз шакли идораи президентӣ даст кашид. Ҳамзамон бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохти парламентиро дар ҷумҳурӣ ҷорӣ намуд. Тибқи он ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дӯши Раиси Шурои Олӣ вогузор карда шуд, ки ӯ сарвари давлат ҳисобида мешуд. Ҳамчунин, дар Иҷлосия раисони кумита ва комиссияҳои Шурои Олӣ, Раиси Шурои вазирон ва аъзои Ҳукумат аз нав интихоб карда шуданд. Дар маҷмуъ, Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ 74 қонун, қарор ва фармонро ба тасвиб расонид, ки ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, инкишофи сохторҳои демократӣ, таҳкими ризояти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ замина гузошт. Аз давра эътимоду боварии мардуми Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста ба эътидол омадани вазъи сиёсиву иҷтимоии кишвар афзунтар гашт.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти қонунгузории давраи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол ибтидо гузоштааст, зеро чӣ тавре, ки дар боло зикр намуда будем, таҳти раёсати ӯ ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанўз дар Иҷлосияи XVI 74 санади ҳуқуқӣ қабул гардида буд, ки ба фаъол ва таҳким намудани сохтори ҳокимияти давлатӣ асос гузоштааст. Аз ҷумла, тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси депутатҳои халқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 18 ноябри соли 1992, таҳти №673; «Дар хусуси дохил кардани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи андози даромади шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа» аз 23 ноябри соли 1992, таҳти №696; «Дар бораи даровардани тағйирот ба Кодекс оид ба никоҳ ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 23 ноябри соли 1992, таҳти №697; «Дар бораи аз андози арзиши иловашуда озод кардани роҳхатҳо ба табобатгоҳҳои санаторию курортӣ, истироҳатгоҳҳо ва лагерҳои солимгардонии тобистона» аз 23 ноябри соли 1992, таҳти №700; «Дар бораи гурезагон» аз 24 ноябри соли 1992, таҳти №708; «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд» аз 26 ноябри соли 1992, таҳти №728; «Дар бораи рўзи сулҳ ва ризояти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992» таҳти №731; «Дар хусуси даровардани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 30 ноябри соли 1992, таҳти №740; «Дар бораи ба узвияти Захираи арзи байналхалқӣ, Бонки байналмилалии таҷдиду тараққиёт, Ассотсиатсияи байналмилалии тараққиёти корпоратсияи байналмилалии молия ва Агенти бисёрҷабҳаи замонати пасандозҳо дохил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 23 ноябри соли 1992, таҳти №698; «Дар бораи даровардани тағйирот ба Конститутсияи (Қонуни асосӣ) Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 24 ноябри соли 1992, таҳти №704; «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 24 ноябри соли 1992, таҳти №705; «Дар хусуси тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 24 ноябри соли 1992, таҳти №706; «Дар хусуси тадбирҳои пурзўр намудани ҷавобгарии ҷиноӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнине, ки бар зидди саломатӣ ва ҳаёти шаҳрвандон, ҳуқуқи амволи онҳо ва барои хароб кардани пояҳои иқтисодию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд» аз 30 ноябри соли 1992, таҳти №739 дар ҳамин шумор буданд. Ҳамаи ин санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқие, ки дар иҷлосияи таърихӣ қабул шуданд, ҳамчун иқдоми пайгиронаи Раиси Шурои Олии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон доданд, ки мамлакат ба сўйи пойдорӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва истиқлоли миллӣ қадам гузошта, мардум ба бунёдкориву созандагӣ машғул шаванд.

Тибқи моддаи 109-и Конститутсия Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Бар ивази Девони Вазирон ташкил додани Шурои Вазирон ба мақсад мувофиқ дониста шуд. Аз ин рў, Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Қонуни асосӣ) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ ва қабул гардид. Аз ин ҷониб мақоми олии ҳокимият Раёсати Шурои Олӣ ба шумор мерафт, ки он давлатро ба таври куллӣ идора мекард.

Барои ба эътидол овардани вазъият, истиқрори сулҳу осоиш ва таҳкими ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон Раиси парлумони ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шурои Олии Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон муроҷиат карда, хоҳиш намуд, ки ба Тоҷикистон қувваҳои муштараки ҳомии сулҳро фиристанд. Тавассути ин амали худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи байналмилалии Тоҷикистонро устувор намуд.

Бо мақсади хотима додан ба ҷанги дохилӣ, пешгирии фоҷиаи миллӣ ва харобшавии асосҳои иқтисодию ҷамъиятиву сиёсии давлат, таҳкими сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории гурўҳҳои гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, таъмини фаъолияти муътадил ва таҳкими мақомоти давлатӣ Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти принсипҳои башардўстӣ қарор кард, ки шахсони аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 дар минтақаҳои мухолифати мусаллаҳона ҷиноят ё амалҳои ғайриқонунӣ содиркарда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида нашаванд.

Ин ҳуҷҷатҳои муҳим ва қабули Қонун «Дар бораи гурезагон», ки ба онҳо амнияти шахсӣ ва ёрии моддиву имтиёзҳои имконпазирро кафолат медоданд, бори дигар собит сохтанд, ки роҳбарияти нави Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдори сулҳу осоиш буда, баҳри эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ азму талош дорад ва ҳимояи шарафи инсонии ҳар фардро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонад.

Иҷлосияи таърихӣ тавонист ҳукумате таъсис диҳад, ки таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кўтоҳ оташи ҷанги дохилиро хомўш намуда, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор созад, Артиши миллӣ ва нерўҳои посбони сарҳадро таъсис диҳад, аксарияти мутлақи гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонад ва ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ созад.

Дар муроҷиатномаҳои аввалини худ, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов вобаста ба вазъияти ҳамонрўзаи кишвар иҷрои вазифаҳои зеринро дар мадди аввал гузошта буд: дар тамоми гўшаву канори Тоҷикистон барқарор намудани ҳокимият, мақомоти идоракунӣ ва таъмини кори пурмасъулияти онҳо; барқарор намудани сохтори мақомоти амалкунандаи ҳифзи ҳуқуқ дар маҳалҳо ва барои онҳо ҷиҳати иҷрои вазифа фароҳам овардани шароити мусоид; таъсис додани артиши миллӣ; пурзўр кардани дифои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пайдо кардани мавқеи устувор дар ҷомеаи ҷаҳонӣ. Марбут ба ин сарвари давлат изҳор дошт, мо вазифадорем дар ибтидо амнияти давлатро таъмин намоем, артишро созмон дода, фаъолияти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро мустаҳкам намоем. Дар ин ҳолат давлат метавонад худро муҳофизат ва ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандонашро таъмин намояд.

Бо назардошти ин зарурат вобаста ба халъи силоҳ ва мустаҳкам кардани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, беҳбудии вазъи сиёсиву иқтисодию иҷтимоӣ ва ғайра як қатор қарорҳо қабул гардида, мавриди татбиқ қарор гирифт.

Дар ин замина метавон гуфт, ки марҳалаи навини қонунгузории кишварро аз ин иҷлосияи тақдирсоз оғоз гардидааст ва дар маҷмуъ он тадбирҳои муҳими сарнавиштсози зеринро анҷом додааст: роҳбарияти нави сиёсии мамлакатро таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд; сохтори конститутсиониро дар мамлакат барқарор сохт; хатари пош хўрдани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парокандагии миллатро пешгирӣ намуд; тадбирҳои мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани ҷомеаро ба миён гузошт; самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакатро муайян намуд; мавқеи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии кишварро муайян сохта, барои ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳон роҳ кушод; қонунгузории ҷумҳуриро устувор намуд ва ба рушди он замина гузошт.

Сангинзод Д.Ш., профессори кафедраи ҳуқуқи факултети таърих ва ҳуқуқи ДДОТ ба номи С.Айнӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ

 

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj