• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Тарбия

Шогирди боистеъдод ва ифтихорманди донишгоҳ

 

Шарифов Содиқҷон Пирмаҳмадович айни замон донишҷӯи соли 4-уми факултети биология, ихтисоси биология-химия мебошад. Номбурда дар озмунҳои донишгоҳӣ ва берун аз он иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштааст ва бо ҷоизаю туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ шудааст. Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар соли 2018 аз фанҳои биология ва экология иштирок намуда, ҷойи якум ва дипломи дараҷаи 1-уми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шуд. Худи ҳамин сол дар озмуни ҷумҳуриявии Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори дипломи дараҷаи 2-юм аз фанҳои биология ва экология гардидааст. Барои дастовардҳояш бо ифтихорномаҳои Раёсати донишгоҳ, шуъбаи кор бо ҷавонон, кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён ва роҳбарияти факултет қадрдонӣ карда шудааст.

Дар  факултет маҳфили доимоамалкунандаи «Биологони ҷавон» амал мекунад, ки Шарифов Содиқҷон роҳбарии онро низ бар дӯш дорад. Яке аз аъзои фаъоли дастаи олимпии донишгоҳ ва факултет мебошад.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj