• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Ҷавонон ва рафъи хатари терроризму эктремизм

Тараққиёти босуръати ҷаҳон, инқилоб дар илму техника ва табаддулоти бозори ҷаҳонӣ аз ҳар як шахс ва дар маҷмӯъ, аз ҳар як миллат муносибат ва диди навро ба ҳаёт талаб дорад. Аз ин рӯ, барои ҳар як фарди ҷомеа лозим аст, ки ин муносибат ва дидро дар асоси талаботи замон, вале дар заминаи миллию таърихии хеш дарк, пазироӣ ва амалӣ гардонад. Дар замони рушди раванди ҷаҳонишавӣ танҳо тавассути нигоҳ доштани беҳтарин арзишҳои миллӣ, таърихӣ, эътиқодӣ ва корбасти онҳо дар заминаи навтарин дастовардҳои муносибати миллатҳо метавонад боиси ҳамқадами замон шудани ин ё он миллат гардад.


Бо бовари комил метавон гуфт, ки давлату миллати мо низ ҳаматарафа барои ба сатҳи баланд баровардани вазъи иқтисодии мамлакат даст задааст. Дар ин раванд нақши асосӣ ва бисёр муҳимро, махсусан, ҷавонони мо ба уҳда гирифта, имкониятҳои бештар барои тараққиёти ҷомеа ва азнавкунонии ҷомеа доранд. Новобаста аз ин, баъзе масъалаҳои дигар ҳанӯз дар ҷустуҷӯи ҳалли дурусти худ ниёз ба кӯмакҳо доранд. Ва шарту зарур ҳам аст, ки ҷавонони пешқадами мо бояд талоши бештар намоянд, то ягона роҳи ҳалли дурусти масоилро ёфта тавонанд.
Яке аз чунин масъалаҳо маҳдуд будани ҷаҳонбинии қисмати ҷавононест, ки дур аз ватан ҳанӯз бар зидди давлату миллат баромада, амалҳои ношоистае ба мисли терроризм ва эстремизмро пайравӣ намудаву бар хилофи давлату сиёсат, озодиву осудагӣ баромад доранд. Маълум аст, ки чунин масъалаҳо асосан аз нафаҳмидани усули зиндагии моддӣ ва маънавӣ ба амал омада, то нуқтаи охирини он, ки натиҷааш ҷангу нооромӣ аст, мерасонанд. Вазифаи ҷавонони мо дар он аст, ки пеши роҳи чунин мушкилоти пучу бемаъниро гиранд, Тоҷикистони азизи мо ниёз ба чунин ҷавонон дорад, то ки барои миллату давлат ҳамчун фарзанди азиз ва меҳрубон хидмати арзанда ба ҷо оранд. Баръакс, лаънат бар он фарзанди тоҷик бод, агар ватани худ, модари худ ва шаъну шарафи худро паст зада, ҳатто нангу номуси миллати тоҷикро аз байн барад. Агар ин кори хуб мебуд, яъне “ терроризм” ё “ экстремизм”, пас имрӯз давлатҳое ба мисли Сурия, Афғонистон, Ироқ ба чунин ҳолат гирифтор намебуданд. Набояд фаромӯш кард, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала чунин иброз доштаанд: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».
Хотиррасон бояд кард, ки бар зидди масъалаи мазкур на танҳо кишвари мо, балки тамоми дунё баромад карда истодааст. Терроризм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанӯз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зӯрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Агар маънои луғавии экстремизм ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз андоза гузаштан бошад, терроризм ин натиҷаи охирини экстремизм ба ҳисоб меравад. Дар шароити кишвари мо роҳи дурусти бартараф кардани хатари ин тамоюлоти мудҳиш, пеш аз ҳама, бештар рӯй овардани ҷавонон ба омӯзиши илму дониш, баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ ва дурӣ ҷустан аз ақидаҳои бегона мебошад.
Дар дунёи муосир чунин ҳаракатҳои хатарнокро аз ҳисоби дигар равияҳои мухталифи ҷамъиятӣ низ ба назар мегиранд. Аниқтараш масъалаи терроризм ва экстремизм аз нигоҳи баъзе шахсиятҳо, ки ақидаҳои диниро барои ҷомеа нодуруст фаҳмонда, инчунин зидди давлату сиёсат равона мекунанд, ба назар мерасад. Дар ин масъала олими амрикоӣ Ҷорҷ Корм чунин навиштааст: “Дар дунёи имрӯза баъзе халқиятҳо дар ҳолати буҳрон гирифтор шудаанд ва ин раванд аз ҳисоби баъзе масъалаҳои динӣ ба вуҷуд омадааст”. Агар ба нуқтаи назари муҳаққиқи амрикоӣ диққати ҷиддӣ диҳем, равшан мегардад, ки баъзе кишварҳо динро ба догма табдил доданд. Яъне, дин дар ҳолати догматизм қарор ёфта, пешравӣ надорад ва ҷомеаи вобастшударо аз сатҳи зиндагии дунявӣ боз медорад. Ин аст, ки дину мазҳаб набояд шахшуда бошанд, балки фаҳмиши он бояд мутаҳаррик буда, ҳамеша дар таҳаввул ва мувофиқи талаботи замон бошад.
Имрӯз Тоҷикистон як давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд ва демократӣ буда, дар байни давлатҳои хурду бузурги сайёра мақому манзалат дорад. Ҳар қадар таъсири равияҳои ифротиву моҷароҷӯ ба амнияти кишвар ва аҳли ҷомеа кам бошад, ҳамон андоза кишварҳои дохилу хориҷ бо давлату миллати мо робитаи дӯстӣ ва наздикӣ пайдо хоҳанд кард. Ҷавонони мо бояд ҳамеша талош бар он намоянд, ки обрӯ ва эътибори баланди миллату давлати худро дар сатҳи ҷаҳон боз ҳам боло бардоранд.

Ш. Саидиброҳимов,
омӯзгори кафедраи фарҳангшиносӣ

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj