• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Таҷлили ҷашни Ғалаба дар Коллеҷи омӯзгорӣ

7 майи соли равон бахшида ба 69-умин солгарди Ғалабаи лашкари Иттифоқи Шӯравӣ бар Германияи фашистӣ, 20-солагии қабул гардидани Сарқонун (Конститутсия)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ конференсияи илмӣ-амалии устодону донишҷӯёни кафедраи таърих ва ҷомеашиносии Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова баргузор гардид.
Конференсияро иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра С.Ҳокироев ифтитоҳ намуда, дар бораи зарурат ва моҳияти ба таври овоздиҳии умумихалқӣ қабул намудани Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дохил намудани тағйироту иловаҳо ба он маълумот дод. Баъдан, устоди кафедра, номзади илмҳои таърих, дотсент Н.Давлатбеков дар мавзӯи «Оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ» маърӯза намуда, оид ба сари қудрат омадани фашизм дар Олмон (Германия), шартномаи Мюнхен (1939), муноқишаи сарҳадии байни Иттифоқи Шӯравию Филандия ва лашкаркашии аҳдшиканонаи Олмон ба хоки давлати Шӯравӣ ба таври хеле муфассал маълумот дод.

Муаллимаи ҷавон М.Абдуназарова дар мавзӯи «Саҳми ақибгоҳ дар ғалаба аз болои Германия» маърӯза карда, оид ба меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ ва ёрии бародаронаи ақибгоҳ маълумот дод. Устоди кафедра, номзади илмҳои таърих С.Ғуломшоев дар мавзӯи «Инкишофи илм ва маданияти халқи тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ» маърӯза намуда, аз ҷумла, қайд кард, ки соли 1941 базаи тоҷикистонии Академияи фанҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба филиали тоҷикистонии Академияи фанҳо табдил дода, академик Е.Н.Павловский ба он роҳбарӣ менамуд. Нашри маҷмӯаҳо ва маҷаллаҳои илмии «Маърӯзаҳои Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон» ва «Ахбори шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон» ба роҳ монда шуданд. Соли 1941 дар Тоҷикистон 1 академик, 5 доктору профессор ва 22 нафар номзади илм фаъолият менамуданд, ки то соли 1945 боз 16 нафар унвони докторӣ ва 32 нафар рисолаи номзадиро бомуввафақият дифоъ намуданд.
Баъди баромади устодон донишҷӯёни соли якум ва сеюм маърӯза намуданд. Конференсияро сарвари Коллеҷи омӯзгорӣ, номзади илмҳои таърих Ширин Қурбонова ҷамъбаст намуда, зикр кард, ки Тоҷикистон чун узви ҷудонашавандаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ тамоми мушкилиҳои замони ҷангро аз сар гузаронида, саҳми хешро дар таъмини ғалаба бар фашизми Олмон ва импералистони Ҷопон гузоштааст. Насли имрӯза корнамоии бобоёни хешро ҳаргиз фаромӯш намесозад. Ва сулҳу ваҳдате, ки ба ивази ҷони ҷавонони ормонию нозанини Ватан ба даст овардем, чун гавҳараки чашм нигоҳ медорем.

 

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj