• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

ТАҶЛИЛИ 141 - СОЛГАРДИ ЗОДРӮЗИ САРДАФТАРИ

АДАБИЁТИ МУОСИРИ ТОҶИК САДРИДДИН АЙНӢ

 

photo 331.jpg - 109.83 KbРаёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар робита ба зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ дар санаи 15-уми апрели соли 2019 ба хотири шод намудани руҳи устод бо иштироки ректори донишгоҳ, профессор Н.У. Ғаффорӣ дар назди нимпайкараи шоир, ки дар назди бинои асосии донишгоҳ қомат афрохтааст, гулчамбар гузоштанд.

Сипас бо ташаббуси Раёсати донишгоҳ ва садорати факултети филологияи тоҷик дар Боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ гулгузорӣ намуда, донишҷӯён аз ашъори устод С. Айнӣ шеър қироат намуданд. Дар маҳфили адабӣ ректори донишгоҳ Н.У. Ғаффорӣ ва дотсенти кафедраи назария ва таърихи адабиёт М. Қурбонов аз рӯзгор ва осори шоир ёдовар шуда, шогирдонро бар он таблиғ намуданд, ки чун устод С. Айнӣ дар ҷодаи илму фарҳанги миллати хеш саҳмгузор бояд буд.

Дар фарҷом декани факултети филологияи тоҷик дотсент А. Мирзоалиева аз ташаббуси Раёсати донишгоҳ изҳори миннатдорӣ намуда, қайд намуд, ки ин рӯзи фархунда ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хос аз тарафи устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ қайд карда мешавад.

Инчунин Раёсати донишгоҳ ва меҳмонон ба хотири болидагии руҳи устод С. Айнӣ ба осорхонаи адиб ташриф оварда дар назди нимпайкараи устод, ки дар саҳни осорхонаи пойбарҷост, гулчамбар гузошта аз осорхонаи ӯ дидан намуданд.

Бояд зикр намуд, ки ин силсила чорабиниҳои адабӣ дар ниҳоди донишҷӯён ҳисси меҳанпарастӣ ва илмомӯзиро тақвият бахшида, эшонро ба омӯзиши мероси ниёгонамон раҳнамун месозад.

 

photo 320.jpg - 7.89 Mb photo 322.jpg - 105.63 Kb photo 323.jpg - 127.51 Kb photo 329.jpg - 111.49 Kbphoto 324.jpg - 100.67 Kb photo 333.jpg - 94.56 Kb photo 334.jpg - 86.27 Kb photo 335.jpg - 91.00 Kb photo 325.jpg - 97.09 Kb photo 336.jpg - 83.66 Kb photo 326.jpg - 92.15 Kb photo 330.jpg - 105.80 Kb photo 327.jpg - 114.83 Kb photo 328.jpg - 125.19 Kb photo 332.jpg - 125.69 Kb photo 321.jpg - 126.34 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj