• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Роҳхати бештар ба Хатлон

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ конференсияи умумиҷумҳуриявӣ «Оид ба тақсимоти мутахассисони ҷавон дар соли хониши 2014-215» доир шуд. Баробари иштироки бевоситаи ректори донишгоҳ, академик А.Раҳмонов дар конфронс муовини сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон З.Назруллоев, мудирони маорифу намояндагонашон

аз вилоёти Суғду Хатлону Бадахшон ва тамоми шаҳру навоҳии тобеи кишвару волидони донишҷӯён ва садорати факултаву устодону хатмкунандагон ҳузур доштанд.

 

Ҳамоишро ректор А.Раҳмонов оғоз намуда, зикр кард, донишгоҳи моро дар соли таҳсили ҷорӣ аз рӯи 27 ихтисос  909 нафар донишҷӯ, аз ҷумла, 533 нафар тариқи буҷавӣ, 101 нафар тибқи квотаи Президентӣ ва 376 нафар тариқи шартнома хатм менамоянд.

Қайд гардид, ки тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 533 нафар хатмкунанда ба вилояти Хатлон 169 нафар, ба вилояти Суғд 52 нафар, ба вилояти Кӯҳистони Бадахшон 52 нафар, ба шаҳри Душанбе 102 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 158 нафар сафарбар карда мешаванд.

Бо зикри он ки шояд дар асоси созишномаи сеҷониба баъзеҳо дар донишгоҳ ҳамчун магистр таҳсили худро идома диҳанд, ректори донишгоҳ ба масъалаи ба ҳайси омӯзгори ҷавон ба кор рафтани донишҷӯёни тариқи квота таҳсилнамуда дахл карда, гуфт, ин нафарон тибқи роҳхате, ки доранд, ҳатман бояд ба маҳалҳои худ баргашта, аз рӯйи ихтисосашон кор кунанд. Ӯ дар ин маврид мушкилро танҳо дар он донист, ки масъалаи издивоҷро бисёриҳо далел пеш меоранд. Вале набояд аз ин мушкил сохт. Гуфта шуд, гарчӣ тақсимот ду моҳ қабл дар факултаҳо шуд, ҳанӯз то 15-уми июн вақт ҳаст, ки донишҷӯён дар мувофиқа бо раёсати донишгоҳу Вазорати маориф ва илм хулосаи худро барои ба куҷо роҳхат гирифтан бароранд. Ҳамчунин зикр гардид, ки барои нафароне, ки донишгоҳро буҷавӣ хатм мекунанд, барои гирифтани диплом бояд мутобиқи қарори махсуси Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳатман 3 сол дар муассисаи таълимӣ кор кунанд.

Бо эъломи он ки имсол дар донишгоҳ аввалин докторҳои ихтисосӣ қабул мешаванду инҳо магистрон хоҳанд буд, А.Раҳмонов қайд кард, ки ҳарчанд нарасидани кадрҳо дар ҳама ноҳияҳо ҳаст, ин мушкил бештар дар вилояти Хатлон ба назар мерасад. Ба изҳори ӯ, имрӯз баръакс дар бисёре аз шаҳрҳои ВМКБ кадрҳо зиёданд, барои ҳамин донишҷӯён бештар бояд ба шаҳру навоҳии Хатлону Рашту Суғд ба кор сафарбар шаванд, ки он ҷо масъалаи хобгоҳ ҳам мушкил надорад.

Дар ҳошияи ин гуфтаҳо муовини сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон З.Назруллоев изҳор дошт, ки агар чанд соле пеш нарасидани кадрҳо 13 ҳазор буд, ҳоло ин шумора 477 нафарро ташкил медиҳад, ки 45 нафар ба вилояти Хатлон дахл дорад. Аз мақомотҳои маҳаллӣ зиёда аз 3300 дархост расидаасту зиёда аз 4000 нафар кадр ҳамин соҳаро хатм мекунаду метавон гуфт, ки ин мушкил ҳалшаванда аст.

Дар фарҷом байни мудирони шуъбаҳои маориф ва номояндагони сохторҳои соҳаи мазкур аз шаҳру навоҳӣ бо донишҷӯёну волидон саволу ҷавоб шуда, ба нофаҳмиҳо рушанӣ андохта шуд. Азҷумла, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳритус Садриддинов аз шароити хубашон ҳарф зада, кадрҳои болаёқатро ба ин даргоҳ хонд. Дар ин росто ректори донишгоҳ А.Раҳмонов ба мудири бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон Ҷ.Исломова дастур дод, то ба дилхоҳ мушкили донишҷӯён расидагӣ намуда, барои интихоби хубашон мусоидат намояд.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj