• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

 

ҶАМЪБАСТИ ҲАФТАИ ИЛМ ДАР ДОНИШГОҲ

photo 402.jpg - 90.02 KbМаълум аст, ки ҳар сол дар ҷумҳурӣ чун анъана ҳафтаи сеюми моҳи апрел ҳафтаи илм таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат ва бахшида ба  «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021)» рӯзҳои 16 – 19 апрели соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори Раёсати илм ва инноватсия конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорон, устодон ва донишҷӯён, зери унвони «Илму маърифат - омили муҳими рушди ҷомеа» баргузор гардид. Конференсияро доктори илмҳои таърих, профессор, ректори донишгоҳ, Нӯъмонҷон Ғаффорӣ ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла зикр намуданд, ки баргузоршавии конференсия дар доираи «Ҳафтаи илм» ва бахшида ба  «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хело бамаврид аст ва  дорои аҳамияти бузург мебошад.

Дар ҷаласаи ифтитоҳии конференсия профессорон ва устодони донишгоҳ. аз ҷумла доктори илмҳои филологӣ, профессор Шамсиддин Солеҳов дар мавзӯи «Устод Садриддин Айнӣ: шахсият ва замон», доктори илмҳои географӣ, профессор Холназар Муҳаббатов дар мавзӯи «Имрӯзу фардои деҳоти Тоҷикистон», номзади илмҳои техникӣ Сафаралӣ Сияҳаков дар мавзӯи «Иқтидори сайёҳии рекретиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои асосии истифодабарии онҳо» ба сӯхан баромада, масоили муҳими илми муосир ва масъалаҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро мавриди муҳокимаи иштирокчиён қарор доданд. Сипас конференсия, ки  тибқи барномаи таҳия гардида аз 14 бахш, аз он чумла 49 зербахш иборат буду ба кори он дар маҷмуъ 1418 маърӯза пешниҳод гардида буд, дар бахшҳо идома дода шуд.

Мақсади баргузории конференсия ин муҳокимаи масъалаҳои шаффофият дар соҳаи маориф, ки раванди натиҷагириро аз иҷроиши корҳои илмӣ-тадқиқотӣ иникос намуда, ҳамчун омили рушди корҳои илмӣ ва беҳтар гардонидани сифати онҳо хизмат менамояд, иборат аст.

Дар конференсия устодон маърӯзаҳоеро пешниҳод карданд, ки дорои масъалаҳои мубрами рӯз буда, масоили муҳими илми муосир ва ҷамбаҳое аз корҳои илмии  онҳоро инъикос мекард.

Ҷаласаи ҷамъбастии конференсия, ки рӯзи 19 –уми апрел баргузор гардид, аз раванди кори конференсия дар давоми ҳафта натиҷагирӣ намуд. Дар ҷаласаи  ҷамъбастии конференсия сардори Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ Ҳакимов Р. М. маърӯза карда, оид ба раванди баргузории конференсия ва иштроки фаъолонаи устодон ва донишҷӯён дар бахшҳои он маълумоти муфассал баён намуд. Аз ҷумла пешниҳод карда шуд, ки маърӯзаҳои устодон ва донишҷӯён, ки дар конференсия баррасӣ гардиданд ба талаботи конференсияи илмӣ ҷавобгӯ буда, дорои аҳамияти васеи илмӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошанд.  Дар фарҷоми ҷаласа  ректори донишгоҳ Н.У. Ғаффорӣ ба сухан баромада, фаъолияти конференсия ва натиҷаҳои онро  мусбат арзёбӣ намуданд ва иштироки   устодон ва дониҷӯёни донишгоҳро дар конференсия фаъолона баҳогузорӣ карданд. Аз ҷумла ректори донишгоҳ пешниҳод намуданд, ки минбаъд ҳангоми баргузории конференсияҳои илмӣ диққати ҷиддӣ ба сифати корҳои илмӣ дода шавад. Бо ҳамин конференсия кори худро ба анҷом расонид.

Раёсати илм ва инноватсияи

ДДОТ ба номи С. Айнӣ

photo 409.jpg - 62.09 Kb photo 404.jpg - 93.04 Kb photo 408.jpg - 89.69 Kb

photo 405.jpg - 88.96 Kb photo 406.jpg - 95.75 Kb photo 403.jpg - 85.02 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj