• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ҲАМОИШ БО ЯТИМОНИ КУЛЛ

photo 415.jpg - 87.28 KbИмрӯз бо ташаббуси шуъбаи тарбия ва парки технологӣ дар толори Шӯрои олимони донишгоҳ бо ятимони кулл, ки дар донишгоҳ таҳсил менамоянд, вохӯрӣ доир гардид. Дар вохӯрӣ муовини ректор оид ба корҳои тарбия Ҷ. Мусоҷонова директори парки технологӣ С. Мардонов мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ С. Қувватов ва дигар роҳбарони сохторҳои донишгоҳ иштирок намуданд.

Ҷ. Мусоҷонова муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ баромад намуда, ҷиҳати дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раёсати донишгоҳ ёдовар шуда қайд намуд, ки Роҳбари давлат гуфта буданд, ки “Ман ҳеҷ вақт ягон ятими куллро дар нимароҳ намемонам, меомӯзонам, тарбия мекунам ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамоям”; Ин суханон бениҳоят арзиши баланд доранд, зеро гуфтаҳои мазкур як таҳаввулоти ҷиддиро дар сиёсати давлатии иҷтимоии ҷумҳурӣ ба бор овард. Чунки шумораи зиёди ятимони кулл, ки имрӯз дар кишвар ҳаёт ба сар мебаранд, маҳз бо ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат аз тамоми имтиёзҳо ва дастгириҳое, ки нисбати насли наврас бояд бошанд, бархӯрдоранд. Бояд қайд кард, ки Раёсати донишгоҳ нисбати дастгирии ятимони кулл таваҷҷуҳи хосcа зоҳир намуда, аз ҳисоби маблағҳои махсуси донишгоҳ ҳар моҳ бо маблағи 100 (сад) сомонӣ ҷудо карда мешавад. Ҳамчунин донишҷӯёне, ки дар давраи таҳсил аз падар ва модар ятим мондаанд, шакли таҳсилашон шартномавӣ бошад дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба гурӯҳи буҷҷавӣ гузаронида мешаванд.

Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ С. Қувватов аз донишҷӯёни ятимони кулл даъват ба амал овард, ки онҳо бояд дар баробари ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат ва Раёсати донишгоҳ кӯшиш ба харҷ дода, донишу малакаи худро баланд бардошта,  дар ҳимояи манфиатҳои давлатӣ омодаву устувор бошанд.

Сипас директори Парки технологӣ С. Мардонов аз ятимони кулл доир ба ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат изҳори андеша намуда иброз дошанд, ки маҳз ин дастгириҳост, ки мо ба ҳама хоставу ҳадафҳоямон мерасему аз ягон ҷиҳат камбудӣ надорем ва боре ҳам худро танҳо ҳис накардаем. Бинобар гуфтаҳои боло парки технологӣ тасмим гирифтааст, ки ятимони кулро дар зерсохторҳои худ ба донишҷӯдухтарони доношгоҳ барои касбомӯзӣ бо тариқи ройгон фаро гирад ва ҳамчунин метавонанд аз сартарошхона, шуъбаи тайёрӣ, курсҳои забономӯзӣ, матбаа ва курсҳои дӯзандагӣ тариқи ройгон истифода намоянд.

Ҳамзамон ҳуқушиноси донишгоҳ Ш. Шарифов баромад намуда, қайд кард, ки ятимони кулл тибқи санадҳои меъёри ҳуқуқи имкон доранд, ки оид ба камбудиву норасоӣ ба Раёсати донишгоҳ муроҷиат намоянд ва мувофиқ ба имконият дар самти ҳалли мушкилиашон мусоидат карда мешавад.

ҚИСМИ ТАРБИЯ ВА

ПАРКИ ТЕХНОЛОГӢ

photo 418.jpg - 73.60 Kb photo 416.jpg - 69.84 Kb photo 417.jpg - 90.89 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj