• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

 

Мулоқоти судманди муовини раиси шаҳри Душанбе дар донишгоҳ

surat 49.jpg - 6.01 Mb

30-юми апрели соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади иҷроиши қарори Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе” ҷиҳати коҳиш додани омилҳои номатлуб, аз қабили зуроварию хушунат, пешгирии фарҳанги бегонапарастӣ, баланд бардоштани одоби шаҳрнишинӣ, вохӯрӣ бо муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ баргузор гардид.

Вохӯриро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ ҳусни оғоз бахшид. Муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ дар суханронии хеш аз дастовардҳои соли 2018 ёдовар шуд ва зикр намуд, ки се руйдоди муҳими соли 2018 дар саҳифаҳои таърих сабт шуданд. Дар мадди аввал барқарор гардидани муносибати дӯстии тарафайни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишвари бародари ҳамсоя Ҷумҳурии Ӯзбекистон пас аз 25-сол, ба истифода супоридани агрегати нахустини НБО–и Роғун, аз ҷониби ЮНЕСКО қабул гардидани барномаи даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 меистад ва ин рӯйдодҳои таърихӣ пеш аз ҳама заҳматҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки бояд шумо ҷавонон ба қадри чунин созандагиҳо расед, илм омӯзед, забон омӯзед ва ба ватану миллат хизмат намоед. М. Муинӣ ҷавононро ҳушдор дод, ки аз ҳар гуна амалҳои номатлуб ва бегонапарастӣ канораҷӯӣ намуда, танҳо дар фикри хондану рафтори намунавӣ бошанд. Мавсуф оид ба одоби шаҳрнишинӣ, риояи меъёрҳои либоси миллӣ, корҳои ободонӣ дар шаҳр, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷуён ва дигар мавзӯъҳо низ суханронӣ кард.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ

surat 61.jpg - 60.55 Kbsurat 62.jpg - 89.74 Kbsurat 63.jpg - 86.96 Kbsurat 67.jpg - 63.01 Kb

surat 68.jpg - 70.63 Kbsurat 69.jpg - 87.77 Kbsurat 70.jpg - 77.99 Kbsurat 71.jpg - 67.55 Kbsurat 72.jpg - 65.58 Kbsurat 73.jpg - 79.84 Kbsurat 74.jpg - 72.84 Kbsurat 75.jpg - 68.73 Kb surat 76.jpg - 78.92 Kbsurat 77.jpg - 79.30 Kbsurat 78.jpg - 72.88 Kbsurat 79.jpg - 70.26 Kb surat 80.jpg - 84.43 Kbsurat 81.jpg - 79.68 Kbsurat 83.jpg - 71.79 Kbsurat 42.jpg - 5.20 Mb

surat 85.jpg - 76.05 Kbsurat 86.jpg - 70.90 Kbsurat 87.jpg - 73.98 Kbsurat 88.jpg - 72.63 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj