• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

 

Мирзо Турсунзода вассофи сулҳ

surat 100.jpg - 73.22 KbСадорати факултети филологияи тоҷик бахшида ба солгарди шоири шаҳир Мирзо Турсунзода санаи 02.05.2019 дар толори бинои асосии донишгоҳ чорабинии фарҳангӣ - фароғатӣ таҳти унвони «Мирзо Турсунзода вассофи сулҳ»-ро  доир намуд. Дар ин чорабини ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Н.У. иштирок намуда, перомуни рӯзгор ва осори шоир сухан ронда, ҷавононро ба дӯст доштани Ватан ва пос доштани арзишҳои миллӣ ҳидоят намуд. Ҳамчунин дотсенти кафедраи назария ва таърихи адабиёт  Қурбонов Маҷид баромад намуда, доир ба корнамоиҳои устод Мирзо Турсунзода дар роҳи сулҳи Осиё ва Африқо маърӯза намуда ҷавононро ба дӯст доштани миллати худ ва халқи  олам ҳидоят намуд. Сипас и.в. декани факултет Мирзоалиева Адолат сухан ронда, миннатдории худро ба Раёсати донишгоҳ ҷиҳати шароит фароҳам овардан дар гузаронидани чорабинии мазкур баён намуд. Мавсуф афзуд, ки ёд кардан аз чеҳраҳои асили замон вазифа ва қарзи шаҳрвандии мо буда, таҷлили ин чорабиниҳо дар роҳи худшиносии ҷавонон  амалест саривақтӣ ва муҳим. Дар фарҷом донишҷӯёни факултет чорабинии фарҳангии омоданмудаи худро пешкаши аҳли нишаст гардониданд.

 

И.в. декани факултет

Мирзоалиева А.


surat 101.jpg - 73.49 Kb surat 102.jpg - 95.52 Kb surat 103.jpg - 84.61 Kb surat 104.jpg - 79.22 Kb

surat 105.jpg - 87.14 Kb surat 106.jpg - 79.75 Kb surat 107.jpg - 91.14 Kb surat 108.jpg - 77.50 Kb

 

 


 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj