• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

 

МАҚОМИ ДОНИШГОҲ ДАР РАДИФИ БЕҲТАРИНҲО

z 2.jpg - 51.40 KbБоиси хушнудист, ки имрӯз ҷалби ҷавонон ба илмандӯзӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад, ки  пайваста дар ин замина  шароитҳои мусоид барои олмомӯзиву донишандӯзӣ фаро оварда шудааст. Маврид ба зикр аст, ки ҷиҳати дарёфти ҷавонони донишманду болаёқат,  ҳамасола дар саросари кишвари азизамон озмунҳову олимпиадаҳо роҳандозӣ карда мешаванд. Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти ҷавонони донишманд ва болаёқат  дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон санаҳои 3 ва 4–уми майи соли ҷорӣ олимпиадаи фаннии донишҷӯёни Муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи сенздаҳ фанни таълимӣ миёни 39 донишгоҳу донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ  доир гардид.

Дар олимпиадаи мазкур дастаи донишгоҳи мо дар ҳайати  13 нафар донишҷӯ аз рӯйи 13 фанни таълимӣ сабқат намуда 5 нафар сазовори ҷойҳои намоён гардиданд:

1. Шарипов Фарҳод Каримович – донишҷӯи курси 5-уми факултети таърих, аз рӯи ихтисоси таърихи халқи тоҷик – ҷои 1-ум;

2. Аюбов Абдусамӣ Абдусамадович – донишҷӯи курси 3-юми факултети химия, аз рӯи ихтисоси химия – ҷои 1 - ум;

3. Ашуров Шаҳбоз Нуруллоевич – донишҷӯи курси 2–юми факултети география, аз рӯи ихтисоси географияи иқтисодии Тоҷикистон ва асосҳои демография – ҷои 2 - юм;

4. Темурзода Комила – донишҷӯи курси 3-юми факултети забони англисӣ, аз рӯи ихтисоси забони англисӣ – ҷои 2-юм;

5. Шарипов Содиқҷон Пирмаҳмадович - донишҷӯи курси 4-уми факултети биология, аз рӯи ихтисоси биология-экология ҷои 3-юм.

Боиси фараҳмандӣ ва ифтихор аст, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар ин сабқати ҷумҳуриявӣ, ки 39 муассисаҳои таҳсилоти  олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд, ҷойи 2-юмро сазовор гардида, аз  ҷониби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон диплом ва як тахтаи электронӣ барои донишгоҳ туҳфа гардид.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи

ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

z 4.jpg - 67.05 Kbz 6.jpg - 66.53 Kbz 7.jpg - 73.91 Kb z 8.jpg - 64.75 Kbz 5.jpg - 72.78 Kbz 9.jpg - 101.76 Kb

z 10.jpg - 103.45 Kbz 12.jpg - 107.26 Kbz 11.jpg - 104.67 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj