• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

 

ВАТАН ОҒОЗУ АНҶОМИ МОСТ

(бахшида ба «Рӯзи ҷавонон»)

z 181.jpg - 109.18 KbБа ҳамагон маълум аст, ки ҳамасола санаи 23-юми май барои ҷавонони саодатманди кишвари маҳбубамон рӯзи фаромушнашаванда аст. Зеро дар ин рӯз дар ҷумҳурии хуршедии мо «Рӯзи ҷавонон» бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад, ки ин иқдом аз соли 1992 бо дарназардошти аҳамият ва зарурати ташаккули сиёсати ҷавонон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул гардид. Албатта, ин иқдоми саодатофаринанда нишонаи возеҳи таваҷҷуҳи вижаи кишвари маҳбубамон ба табақаи фаъол ва муҳими ҷомеа, яъне наврасону ҷавонон бахшида шудааст. Бидуи щак қабули ин санади муҳим барои тарбияи насли замони нав ва ҷавонони саодатманди имрӯз заминаи ҳуқуқӣ ва шароити мусоид фароҳам овард.

Дар ин росто бахшида ба «Рӯзи ҷавонон» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ чорабинии идона таҳти унвони «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат» дар сатҳи баданду хотирмон баргузор гардид.

Чорабинии мазкур дар сатҳи баланд бо иштироки меҳмонон аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳури Тоҷикитсон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷокистон ва Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва иштироки ректори донишгоҳи мазкур, профессор Н. Ғаффорӣ баргузор гардид.

Чорабиниро ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикстон ба номи Садриддин Айнӣ муҳтарам Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода ифтитоҳ намуда, пас аз хушомадеди меҳмонон суханронӣ намуд. Ғаффорӣ Нӯъмонҷон зимни суханронии худ гуфт: «Пешбурди сиёсати кишвари Соҳибистиқлоли мо дар соҳаи ҷавонон то кунун яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати кишвар маҳсуб меёбад. Таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон собит намуданд, ки дар радифи тараққиёти соҳаи саноат ниёз ба ҷавонони соҳибкасбу соҳибмаърифат афзун мегардад ва танҳо ин нерӯи созанда метавонад рушди устувори иқтисодиётро таъмин намояд. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳиссаи аҳолии синни то 35- сола аз 50 дарсад зиёд аст, ки ин аз мавҷудияти нерӯи бузурги зеҳнӣ ва сармояи инсонӣ дар кишвар шаҳодат медиҳад, ки ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат менамояд».

Ғаффори Нӯъмонҷон дар фарҷоми суханронии худ ҳамаро ба «Рӯзи ҷавонон» табрик намуда, ғолибони озмунҳои «Дурахши ҳунар», «Донишҷӯйи сол - 2019» ва мақолаи беҳтарин дар мавзӯи «Мактаби роҳбарӣ ва сиёсии Пешвои миллат», ки дар ДДОТ гузаронида шуда буданд, қадрдонӣ намуд.

Бахшида ба «Рӯзи ҷавонон» донишҷӯёне, ки дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷойҳои намоёнро соҳиб гашатанд аз ҷониби ректори донишгоҳ барои ҷои якум 3 000 сомонӣ, ҷои дуввум 2 000 сомонӣ ва ҷои савум 1500 самонӣ ва ҳамчунин ба роҳбарони онҳо мукофотҳои пулӣ аз 1 500 сомонӣ то 1 000 сомонӣ қадрдонӣ гариданд. Ҳамчунин донишгоҳ дар байни 37 муассисаҳои олии кишвар сазовори ҷои дуюм гардид.

Пас аз суханронии ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикстон ба номи Садриддин Айнӣ муҳтарам Ғаффорӣ Нӯъмонҷон, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Дилноза Аҳмадзода суханронӣ намуд. Мавсуф гуфт: «Ватан оғозу анҷоми мост ва муносибат ба он муносибат ба Инсонияту Дунё ва  муносибат ба Зиндагист. Тавре Пешвои миллат дар суханрониашон қайд намуданд: «Миллати тоҷик, бахусус наврасону ҷавонон, бояд аз решаҳои тамаддуни қадима ва забону фарҳанги миллии худ огоҳ бошанд”. Имрӯз вақти он расида, ки мо ҷавонон ба қадри хоку оби ин Ватани азизимон бирасем ва ҷавонбан ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафти кишварамон саҳим бошем».

Дилноза Аҳмадзода пас аз суханронии шодбошиаш ба ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикстон ба номи Садриддин Айнӣ муҳтарам Ғаффорӣ Нӯъмонҷон ва Ҷамила Мусоҷонова, ноиби ректори донишгоҳи мазкур сипосномаҳои кумитаро тақдим намуд.

Одиназода Рамазон – раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабини мазкур суханронӣ намуда, чунин ироа намуданд, ки “Ҷавонони имрӯзаи мо насли хушбахти даврони Истиқлолият ҳастанд, ки аз ғамхориҳои падаронаи Сарвари давлат бонасибанд. Имрӯзу ҳама рӯзатон чунин гарму офтобӣ бод”. Мавсуф пас аз суханронӣ ба якчанд донишҷӯён сипосномаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф  ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро қадр кард.

Пас аз суханронӣ ва ҷоизасупориҳо дастаи «Чеҳранамо»-и ДДОТ барномаи фарҳангии рангини худро пешкаши ҳозирин намуд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо

ҷомеаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ

 

 

z 176.jpg - 102.67 Kb z 177.jpg - 118.46 Kb z 178.jpg - 96.10 Kb z 179.jpg - 127.32 Kb

z 180.jpg - 121.34 Kb z 182.jpg - 112.04 Kb z 183.jpg - 116.16 Kb z 185.jpg - 114.98 Kb z 186.jpg - 108.18 Kb z 187.jpg - 116.13 Kb z 175.jpg - 116.54 Kb z 190.jpg - 111.59 Kb z 191.jpg - 114.57 Kb z 188.jpg - 115.09 Kb z 189.jpg - 109.11 Kb z 192.jpg - 105.54 Kb z 193.jpg - 112.34 Kb z 200.jpg - 125.56 Kb z 194.jpg - 120.71 Kb z 195.jpg - 129.21 Kb

z 196.jpg - 107.20 Kb z 197.jpg - 121.14 Kb z 198.jpg - 110.95 Kb z 199.jpg - 124.56 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj