• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ҲАФТАИ АВСТРИЯ ДАР МЕҲМОНИИ ДОНИШГОҲ

z 222.jpg - 86.22 KbДонишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ таи чандин сол аст, ки бо донишгоҳҳои олии кишварҳои хориҷӣ ҳамкории судманд дорад. Ва ин робитаҳо барои пешрафти сифати таълим саҳми бориз доранд. Ҳафтаи равон Ҷумҳурии Австрия меҳмони донишгоҳи мо буд, ки як чанд чорабиниҳо доир гардид.

Аз 22-юм то 24-уми майи соли 2019 дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ рӯзҳои Ҷумҳурии Австрия баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ташаббуси сафири Ҷумҳурии фавқулодда ва мухтори Австрия дар Осиёи марказӣ бо дастгирии Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид.

Дар чорчӯбаи рӯзҳои Автсрия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-юми  май вохӯрии ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садирридн Айнӣ профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ бо сафири фавқулоддаи Австрия дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Герҳард Зайлер баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур масоили гуногуни ҳамкорӣ  баррасӣ гардиданд.

Рӯзи 22-юми май дар кинотеатри “Зебуннисо” филми ҳунарии синамогарони Австрия “Муҳоҷират” намоиш дода шуд. Дар ин чорабинӣ шумораи зиёди шаҳрвандону меҳмонони шаҳри Душанбе иштирок карданд ва филм ба тамошобинон хеле хуш пазируфта шуд.

Рӯзҳои 22-23-юми май дар факултети забонҳои романию германии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз тарафи мутахассисони австриягӣ Ирис Ҳоҳенедер ва Гертруде Чао-Ҳайсенбергер семинари омӯзишӣ дар ду бахш: “Адабиёт дар дарси забони олмонӣ” ва “Кишваршиносӣ” баргузор гардид, ки дар он омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олиии шаҳри Душанбе ширкат варзиданд. Гуфтан ба маврид аст, ки семинари мазкур баҳри баланд бардоштани донишҳои методии омӯзгорони  забони олмонӣ равона карда шуда буд. Дар фарҷоми семинар ба иштирокиён маводи таълимӣ ва сертификат тақдим гардид.

Санаи 23-юми май дар толори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ намоиши мусаввараҳои мусаввири номдори Австрия - Густав Климт (1862-1918), поягузори ҷараёни модернизм, баргузор карда шуд. Дар намоиши мазкур дар қатори сокинони пойтахт ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳ инчунин намояндагони вазорату корхонаҳо, корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе ва дигар ашхоси номдори ватанӣ ширкат варзиданд. Чорабиниро муовини ректор оид ба корҳои хориҷӣ муҳтарам Байдуллоев А. ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз номи раёсати донишгоҳ меҳмононро хайрамақдам гуфтанд. Баъдан сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Австрия дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Герҳард Зайлер баромад намуда, перомуни ҳаёт ва фаъолияти мусаввир Густав Климт маълумоти пурмуҳтавое ироа намуд. Ҳаминтавр чорабинии мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Санаи 24-юми дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ намоиши театрӣ аз рӯи асари адиби бузурги Австрия - Ҳайнрих фон Клайст “Кӯзаи шикаста” баргузор гардид. Намоиши аз тарафи донишҷӯёни курсҳои 2 ва 3–и шӯъбаи забони олмонии факултети забонҳои романию германӣ иҷро гардид. Намоиши мазкурро магистр-таҷрибаомӯз Беттина Зайлер ба саҳна гузошт. Дар ин чорабинӣ дар радифи омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ инчунин намояндагони дигар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ва меҳмонон за ташкилотҳои байналмиллалӣ иштирок карданд. Намоиши мазкур аз тарафи тамошобинон хуш пазируфта шуда, баҳои баланд гирифт.

Санаи 24-уми май дар толори мусиқии камеравии иттифоқи кампозиторони Тоҷикистон консерт баргузор гардид, ки дар қатори меҳмонон аз ташкилоту корхонаҳову корпусҳои дипломатии шаҳри Душанбе, устодону донишҷӯёни факултети забонҳои романию германӣ иштирок карданд. Дар оғози консерт мусиқишиноси машҳури тоҷик Аслиддин Низомов доир ба таърихи мусиқии тоҷик, махсусан дар бораи жанри валс, ки дар Австрия пайдо шуда ба воситаи мусиқии Русия ба мусиқии Тоҷикистон ворид шудааст, маълумот дод. Баъдан асарҳои композиторҳои австриягӣ аз қабили Мотсарту Шуберт иҷро шуданд. Қобили зикр аст, ки асарҳо аз тарафи санъаткорони ҷавонӣ тоҷик иҷро шуда, аз тарафи тамошобинон баҳои мусбӣ гирифтанд.

Бо ҳамин рӯзҳои Австрия дар Тоҷикистон анҷом ёфт.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи

ДДОТ ба номи С. Айнӣ

 

 

z 220.jpg - 81.45 Kb z 221.jpg - 72.09 Kb z 223.jpg - 76.97 Kb z 224.jpg - 94.65 Kb z 225.jpg - 80.37 Kb z 226.jpg - 100.73 Kb z 227.jpg - 99.70 Kb z 228.jpg - 50.92 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj