• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

 

ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ - ҲАМОҲАНГСОЗИ ЛОИҲАҲОИ РУШДИ ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ

zam 21.jpg - 103.82 Kb18-19-уми июни соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ семинари омӯзишӣ оид ба таҳияи дархостҳои грантии пурра дар доираи давраи дуюми барномаи грантҳои озмунӣ  бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид, муовини вазир Давлатзода Сайфиддин, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ Нӯъмонҷон Ғаффорӣ, ҳамоҳангсози лоиҳаҳои рушди таҳсилоти муассисаҳои олии Вазорати маориф ва илм Афғонов Самариддин ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар баргузор гардид.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид дар семинари омӯзишӣ нуктаи муҳиммеро ба самъи намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ироа намуд, ки: “Масъулияти мову шумо аз як саргаҳ сарчашма мегирад. Тамоми нақшаҳои давлатии таълимӣ, ки қаблан  арзи ҳастӣ кардаанд, дар замони шӯравӣ сатҳи таълим дигар буд. Тоҷикистони мо 28 сол инҷоб соҳибистиқлол аст. Имрӯз акнун доираи фазои тайёркунии кадрҳо ба берун мебарояд. Ва зарур аст, ки кадрҳои мо бо бозори Аврупо ва Осиё рақобатпазир бошанд. Зеро Тоҷикистон кишвари гузорандаи қувваи кор дар минтақа аст. Кадр бояд солим ва рақобатпазир бошад. Мутаассифона методи таълими мо ба талаботи нав ҷавобгӯй нест. Дар ҳоле ки гузаштан ба стандартҳои байналмилалӣ сиёсати имрӯзаи давлат аст”. Ҳамчунин мавсуф илова намуд, ки “дар таҳияи лоиҳаҳои грантӣ ҷиҳати рушди таҳсилоти олии кишвар бояд чун Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Сино, Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ фаъолиятро ба роҳ монд”.

Дар идомаи семинари омӯзишӣ муовини вазири маориф ва илм   Давлатзода Сайфиддин аз раванди баррасии 31 лоиҳаи пешниҳодшуда ба Бонки умумиҷаҳонии Рушд суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки “аз  лоиҳаҳои пешниҳодшуда танҳо 21 лоиҳаи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонии Рушд пазируфта шуд”. Мавсуф  қайд намуд, ки: “боиси таассуф аст, ки қисми зиёди лоиҳаҳои пешниҳодшуда ба талаботҳои стандартии рушди таҳсилот ҷавобгӯй набуда, тарҷумаи хуби муаррифӣ дар забони хориҷиро надоштанд”.

Ҳаминтавр дар семинар ҳамоҳангсози лоиҳаҳои рушди таҳсилоти муассисаҳои олии вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Афғонов Самариддин суханронӣ намуд.

Семинари омӯзишӣ оид ба таҳияи дархостҳои грантии пурра дар доираи барномаи грантҳои озмунӣ дар доираи ду  бахш сурат гирифта, бо пешниҳод ва хулосаҳои ниҳоӣ хотима ёфт.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи

ДДОТ ба номи С. Айнӣ

zam 22.jpg - 76.19 Kb zam 23.jpg - 80.19 Kb zam 24.jpg - 86.71 Kb zam 25.jpg - 95.70 Kb

zam 26.jpg - 97.46 Kb zam 29.jpg - 95.62 Kb zam 27.jpg - 93.64 Kb zam 28.jpg - 90.59 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj