• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

 

НАМОИШГОҲИ  КИТОБИ  НАШРИЁТИ «АДИБ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

zam 30.jpg - 122.20 KbБо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки чанд моҳ қабл озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» эълон гардид, бо шукӯҳи хосса давом дорад. То имрӯз дар баробари озмунҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ, бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳури Тоҷикистон  корвони китоб ба навоҳии дурдасти кишвар низ ба роҳ мондашудааст. Дар ин миён нашриёти бонуфузи «Адиб» иқдоми наҷиберо таҳти унвони «Намоишгоҳи китоб» тӯли як моҳ дар боғи фаҳрангиву фароғатии «Боғи устод Рӯдакӣ» баргузор намуд.

Имрӯз 22.06.2019 давраи ҷамбастии «Намоишгоҳи китоб» дар боғи фаҳрангиву фароғатии «Боғи устод Рӯдакӣ» бо як идда ноширону адибон, аз ҷумла директори  нашриёти «Адиб» Давлат Сафар, Шоири       халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии  ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Кароматулло Мирзоев, Абдулҳамид Самад, Гулназар Келдӣ, адибони шинохта Ӯрун Кӯҳзод, Ато Ҳамдам ва дигарон иштирок намуданд. Мулоқоти сершумори дӯстдорони каломи бадеъ дар боғи мазкур бо муаллифон шаҳомати дигарро ба худ зам намуд. Дар анҷоми мулоқот фурӯши китобҳои тозанашри нашриёт ба ташнагони назму наср хушҳолӣ бахшид.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи

ДДОТ ба номи С. Айнӣ

zam 31.jpg - 37.58 Kb zam 32.jpg - 41.44 Kb zam 33.jpg - 37.36 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj