• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-МУҲАРРИКИ ҲАЁТИ ХУШБАХТОНА

zam 51.jpg - 57.35 KbИмрӯз 25-уми июни соли 2019 барномаи тантанавӣ бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Ваҳдат омили пешрафти ҷомеа» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ  баргузор гардид.

Сухани ифтитоҳиро ректори донишгоҳи мазкур, профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода бахшида ба ин рӯзи муҳими кишвар ироа намуд. Мавсуф зикр намуд, ки «ҳама ҷавонони саодтмандро мебояд, ки ваҳдати миллиро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз ва эҳтиёт кунанд. Зеро имрӯз танҳо дар як мафҳум хулоса намешавад. Ваҳдати миллӣ ин ваҳдати тамоми тоҷикистониён аст. Аз ин рӯ эҳтиром гузоштан ба ин санадаи муҳими таърих эҳтиром ба худу оилаву кишвар аст».

Пас аз суханронии Нӯъмонҷон Ғаффорӣ, номзади илмҳои сиёсӣ, устоди донишгоҳи мазкур Раҷабҳо Қосимова дар мавзӯи Ваҳдати миллӣ-муҳаррики ҳаёти хушбахтона» маъруза намуд. Ӯ зикр намуд, ки: «Маҳз ваҳдати миллӣ халқи тоҷикро аз хатари парокандагӣ ва давлати тозаистиқлоли тоҷиконро аз вартаи нобудӣ раҳоӣ бахшида, замина фароҳам овард, ки мо муттаҳид шавем, Ватанамонро соҳибӣ кунем ва рушди бомароми Тоҷикистони азизамонро таъмин намоем».

Ҳамчунин дар чорабинии мазкур, муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷики донишгоҳ Ғозибек Гадоев дар мавзӯи «Ваҳдат мояи ифтихор» суханронӣ намуд. Мавсуф ба ин нуктаҳо ишора намуд, ки: «Имрӯз шаҳрҳову навоҳии кишвар обуд шуда, хонаҳои истиқоматӣ, мактабҳо, донишгоҳҳои навтаъсис, муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ бо суръат сохта мешаванд. Дар давоми чанд соли охир дар минтақаҳои кӯҳистони кишвар беш аз 180 неругоҳи хурди барқӣ-обӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд. Сохтмон дар неругоҳи аср – Роғун 18 ноябри соли 2018, қадами устуворе барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ гузошта шуд».

Пас аз шунидани маърузаи устодон, як гуруҳ ғолибони озмуни мақолаи беҳтарин дар мавзӯи «Мактаби роҳбарӣ ва сиёсии Пешвои миллат», ғолибони озмуни «Шоҳмот» ва донишҷӯёни фаъол ба туҳфаҳои иттифоқи касабаи устодону кормандони донишгоҳ қадр гардиданд.

Дар охир бахши фарҳангӣ дар иҷрои дастаи ҳунарии «Чеҳранамо»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ табъи  иштирокдоронро шод намуданд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи

ДДОТ ба номи С. Айнӣ

 

zam 50.jpg - 82.71 Kb zam 52.jpg - 103.23 Kb zam 53.jpg - 89.96 Kbzam 54.jpg - 61.64 Kb zam 55.jpg - 67.11 Kb zam 56.jpg - 61.66 Kb zam 57.jpg - 69.30 Kb zam 58.jpg - 65.46 Kb zam 59.jpg - 80.92 Kb zam 60.jpg - 80.41 Kb zam 61.jpg - 85.39 Kb zam 62.jpg - 93.36 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj