• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

«27 июн – Рӯзи ваҳдати миллӣ»

Муҳаррики ҳаёти хушбахтона

zam 63.jpg - 56.68 KbХушо, ки ҳар нафас рӯзгори саодатманди мо бо шукргузориҳо аз истиқлолият, таҳкими сулҳу субот ва таъмини якпарчагии Тоҷикистони маҳбуб ва ваҳдати миллӣ сипарӣ мешавад. Дастовардҳои имрӯзаи иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии имрӯзаи моро бе неъматҳои бебаҳо – истиқлолияти давлатӣ ваҳдати миллӣ наметавон тасаввур кард. Маҳз хамин ду мафҳуми бузург муқаддас, ки бо душвориҳо азму талоши комил насибамон гаштаанд, ба сарҷамъии миллат оварда расонид ва ин сарҷамъӣ, барҳақ, сабақи беназири худшиносию ватанхоҳӣ барои наслҳои имрӯзу фардои Ватани азизамон буда, бори дигар обрӯю нуфузи тоҷикро дар саҳифаҳои таърих баланд бардошт. Аз ин рӯ, мо – ҳар фарди кишварро зарур аст, ки бо ифтихори бепоён сулҳу ваҳдати бадастовардаамонро чун гавҳараки чашм қадрдонӣ ва ҳифз намоем. Ин нуқтаҳо борҳо дарсуханрониии раҳнамунсоз ва ҳидоятгари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон таъкид ёфтаанд. Ифтихор аз истиқлолияти давлатӣ, аз таҳкими сулҳу суботи ҷовидона, аз Ватан ва миллат ва аз ифтихор аз Пешвои миллат бо ҳам таъвам буда, дар дилу равони ҳар фарди соҳибфарҳанги сарзаминамон амиқ реша давондааст. Ҷаҳониён гувоҳанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хизматҳои беамсоли худ барои халқи азияткашидаи Тоҷикистон хизматҳои беназир ба харҷ дода, бо суханони ҳикматомӯзашон аҳли кишварро ҳамарӯза барои ҳаёти хушбахтона ҳидоят менамоянд.

«Мардуми тоҷик маҳз бо файзу баракати истиқлолият ва ваҳдат ба давлатдории миллӣ ва эъмори ҷомеаи демократӣ расид,- иброз медоранд Пешвои миллат,- Ҳар қадар, ки аз ин санаи тақдирсоз фосилаи таърих бештар тай мешавад, аҳамияти бузургу сарнавиштсози ин ду мафҳуми муқуаддас барои давлату халқи Тоҷикистон ҳамон қадар равшантар мегардад. Маҳз вадати миллӣ халқи тоҷикро аз хатари парокандагӣ ва давлати тозаистиқлоли тоҷиконро аз вартаи нобудӣ раҳоӣ бахшида, замина фароҳам овард, ки мо муттаҳид шавем, Ватанамонро соҳибӣ кунем ва рушду бомароми Тоҷикистони азизаамонро таъмин намоем».

Мафҳумҳои Истиқлолияти давлатӣ, Забон, Модар, Ватан, Фарҳанг ва Тамаддун куҳанбунёд дар суханҳои ҳикматомӯзи Пешвои миллат чун «муқаддасоти инсонӣ ва имонӣ» арзёби шудаанд, ки дар воқеъ касро дар ваҷд оварда, ифтихор ва меҳру муҳаббатро ва ватани аҷдодӣ ва мероси гаронбаҳои миллӣ даҳчанд афзун менамоянд. Мардуми шарафманди Тоҷикистон бо меҳру муҳаббат ва садоқат ба Пешвои миллат доштаашон тамоми дастовардҳои даврони истиқлолиятро ба ному хизматҳои ӯ алоқаманд медонад ва ҳамзамон Пешвои миллат бо камоли эҳтиром нисбат ба халқу диёр рушду такомули ҷомеа, ҳаёти имрӯзаи гулгулшукуфонамонро самараи хизматҳои халқи тоҷик маънидод мекунанд. Пас, ҳеҷ ҷойи шаку шубҳа нест, ки азму иродаи халқу Пешвои маҳбуи миллат дар роҳи созандагию бунёдкорӣ ва арҷгузориҳо ба арзишҳои миллӣ бо ҳам пайванди ногусастанӣ дошта, барои имрӯзу наслу асли мо мерос хоҳад монд.

Мусаллам аст, ки халқи тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯсту фарҳангпарвар буда, орзуву омоли ӯ ҳамеша аз андешаҳои миллӣ манша мегирад. Ба бахти миллат нақши раҳнамоиву халқро шахсе бар ӯҳда гирифтаанд, ки фарзанди содиқу сарсупурдаи диёр буда, дорои сарвату нерӯи бузурги зеҳнӣ мебошанд. Имрӯз ғояи ваҳдати миллӣ ба омили муттаҳидкунандаи ҷомеа, таконбахши ҳадафҳои наҷиби ватандӯстона табдил ёфта, ба истифодаи оқилона, густариш ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ роҳи васеъ мекушояд. Бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда оид ба таҳкими андешаҳои миллӣ қабл аз ҳама зарур аст, ки ба тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоем. Ба онҳо гузаштаи дур ва на он қадар дури таърихи миллат, аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллии Тоҷикистонро гаштаю баргашта фаҳмонем. Яъне, он маъниҳоро таъкидан бояд ба насли имрӯза омӯзонем, ки ба шарофати ба имзо расидани ин Созишнома миллати соҳибфарҳанги мо тавонист ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона абадан хотима бахшида, ба марҳилаи навини Тоҷикистон – гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин замина ба эҳё ва густариши тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат оғоз бахшад. Дар заминаи ваҳдати миллӣ шароите фароҳам омад, ки бо истифодаи арзишҳои умумибашарӣ дар кишварамон таҳкурсии ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта, мутассил беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, ободию созандагиҳо таъмин карда шаванд. Насли имрӯз бояд ба хубӣ донад, ки сулҳу ризояти миллӣ ба боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳ, занону кӯдакун, пиронсолону ҷавонон, ки иҷборан тарки Ватани азиз карда буданд, ба зиндагӣ эҳё намуд. Ба шарофати расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пояҳои давлатдории тоҷикон сол то сол қавитар гашта, маваффақиятҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳанги Тоҷикистони соҳибистиқлол пайваста афзун мегардад. Бахусус он нуқта бояд дар заҳни ҷавонони имрӯза амиқ реша давонад, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун падидаи нодир ва арзишманд дар таърихи сулҳофариниши сайёра мавриди омӯзиши созмонҳои байналбилалӣ ва доираҳои илмию сиёсии ҷаҳон қарор гирифтааст ва ин боиси ифтихори бепоёни мо хоҳад буд. Имрӯз истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аксар кишварҳои ҷаҳон ба расмият шинохтаанд ва дар навбати худ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои густурдаро бо ҳамаи ин ба роҳ монда, ҳамеша манфиатдори таҳкими ин ҳамкориҳо будани худро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид менамояд. Истифодаи муассир ва самараноки дипломатияи хориҷӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб меёбат. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон тавассути суханрониҳои пайвастаи Пешвои миллат ан минбарҳои баоанди ҷаҳонӣ ба сар то сари сайёра роҳ ёфт. Аҳли тамаддуни ҷаҳон акнун миллати абарқудрат будани тоҷиконро ҳамчун халқи ватандӯсту сулҳпарвар, дорои ғановати бузурги адабиёт ва илму фарҳанг шинохт. Созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ самимият ва муҳаббату садоқату беҳамтои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмонро бо халқ ва халқро ба Президент эътироф намудаанд ва бадин хотир дар ҳолатҳои зарурӣ барои ҳалли мушкилоти мавҷудаи кишвар дар эъмори давлати дунявию ҳуқуқбунёдамон дасти кӯмак дароз карданд.

Метавон гуфт, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллии Тоҷикистон муҳррики ҳаёти хушбахтонаи халқи тоҷик мебошад, ки онро неруи ақли расо ва азму иродаи матини сулҳхоҳонаи мардуми фарҳангпарвари мо ба кор даровард. Ба қавли Пешвои миллат «Фарҳанги сулҳ пойдевори воқеии ҳалли муқовиматҳо, расидан ба сулҳу ваҳдат ва ризояти миллӣ дар мамлакати мо гардид, ки назирашро ягон халқу миллат надида буд.». Мафкураи ҷавонони имрӯзаро бо ҳамин маъниҳои сабақомӯз ғанӣ гардонидан тақозои замон аст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин мафкура то имрӯз аз ғановати дониш ва дарки воқеии ҳаёти имрӯзи осоиштаамон бархурдор нест. Як сабаби он ҳамлаи ғасбгаронаи иттилооти шабакаҳои интернетӣ ба шуури насли муосир мебошад, ки онҳо ҳаддиимкон рӯ ба мутоилаи маълумотҳои фаҳшу бардуруғ, бадахлоқона ва дасисакоронаи шабакаҳои мазкур меоранд. Ва баракс, майлу рағбати аксар ҷавонони имрӯза ба мутолиаи китоб, ғановати панду андарзҳои суханварони гузаштаву муосир костааст. Вақти он расидааст, ки китобхониву китобдӯстиро дар зеҳни ворисони худ бедор ва эҳё намоем.

Ҳамзамон, насли имрӯза набояд фаромуш кунад, ки дар давраи кунунии ҷаҳонишавӣ ба тамоми имконияти рӯи замин хатарираванди муқобилгузории тамаддунҳо таҳдид мекунад ва ҳар гуна равияҳои мутаассиб ва тундгароёна низ маҳз ҳамин хавфу хатар тавлид меёбанд. Дар робита ба ин вазъият ҳар яки мо – соҳибватанонро зарур аст, ки хотири ҳимояи арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ, таҳкими сулҳу субот ва таъмини якпорчагии сарзамини аҷдодиамон ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Ба қадри неъмати истиқлолият ва ваҳдати миллӣ расидан рисолати ватандӯстӣ ва худшиносии ҳар фарди ҷумҳурист. Ба қавли Пешвои миллат «Дар ҳама ҳолат ва ҳар гуна вазъият ҳимояву ҳифозати манфиатҳои олии миллӣ иборат аз таъмини истиқлолу озодӣ, тамомияти арзӣ ва суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар меҳвари фаъолияти сиёсии моро ташкил медиҳад».

Раҷабмоҳ Қосимова номзаи илмҳои сиёсӣ, ДДОТ ба номи С. Айнӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj