• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

 

ДДОТ: КӮШИШҲО БАРОИ ҶОЙИ АВВАЛ

zam89.jpg - 99.60 Kb

11 июли соли 2019 нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ бо намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид. Дар ин нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳи мазкур натиҷаҳои ҷамъбасти нимсолаи якуми соли равонро пешкаши рӯзноманигорон намуд. Мавсуф зикр намуд, ки: «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои такомули бештари Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ шароити басо мувофиқ ба вуҷуд овард ва онро ба самти тозаву пурсамари рушд ворид сохт. Дар иртибот бо ин дар давоми 28 соли охир дар донишгоҳ дар ҳамбастагӣ бо арзишҳои миллӣ ва талаботи давлати соҳибистиқлол факултаву кафедраҳои нави созгори хостаҳои замон, шуъбаву марказҳо, толору озмоишгоҳҳои гуногун арзи ҳастӣ карданд».

Нӯъмонҷон Ғаффорӣ дар идомаи суҳбат гуфт: «Барномаву нақшаҳои таълимӣ таҷдиди назар гардида, дар заминаи онҳо китобҳои дарсӣ, дастурҳои арзишманди мутобиқ ба рӯҳияи замон ва равандҳои пештози илми муосир нигошта шуданд. Сатҳи дараҷаи илмӣ ва маҳорату малакаи устодон низ хеле боло рафт. Донишгоҳ бо воситаҳои техникӣ, аз ҷумла, компютерҳои пайваст бо шабакаи Интернет ва дигар ашёи зарурии техникӣ муҷаҳҳаз гардид. Ҳамаи ин тадбирҳои муҳим ва судманд ба тадриҷан беҳтар гаштани дараҷаи саводнокиву давомоти донишҷӯён, тақвияти фаъолияти онҳо мусоидат кард.  Мо ифтихормандем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори тамоми муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ба донишгоҳи мо низ таваҷҷуҳи ҳамешагӣ доранд ва баҳри таҳкими фаъолияти он пайваста ғамхорӣ зоҳир менамоянд».

Ҳамчунин мавсуф илова намуд: “Дар озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки моҳи март баргузор гардид, донишҷӯёни донишгоҳи мо соҳиби 8 диплом ва 4 Ифтихорномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гардида, дар умум ҷойи дуюми ифтихориро соҳиб гардиданд. Ва дар моҳи майи ҳамин сол бошад донишҷӯёни донишгоҳ дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз рӯи 12 ихтисос иштирок намуда, 5 нафар донишҷӯён сазовори ҷойҳои намоён гардида, донишгоҳ дар маҷмӯъ сазовори ҷойи дуюм гардид”.

Бояд қайд намуд, ки донишгоҳи мазкур бо 74 донишгоҳҳои хориҷи дуру наздик  ҳамкорӣ дорад ва дар шаш моҳи соли 2019 бо Донишгоҳи давлатии Комсомолскийи Амур, Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ, Донишгоҳи давлатии Термизи Ҷумҳурии Ӯзбекистон,  Донишгоҳи шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия созишнома ба имзо расонидааст.

Пас аз суханронии муфассали ректори ДДОТ ба номи С. Айнӣ Н. Ғаффорӣ,   рӯзноманигорон ба саволҳои худ посух гирифтанд.

 

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи

ДДОТ ба номи С. Айнӣ


zam81.jpg - 87.37 Kb zam82.jpg - 88.64 Kb zam83.jpg - 67.69 Kb zam84.jpg - 98.48 Kb zam85.jpg - 86.81 Kb zam86.jpg - 87.09 Kb zam87.jpg - 88.89 Kb zam88.jpg - 69.97 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj