• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

 

ЗИ ДОНИШМАНДӢ МОРО САРФАРОЗИСТ…

Паёми табрикии ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода ба муносибати оғози соли нави таҳсил

Дӯстони гиромӣ, устодон ва донишҷӯёни азиз!

zam 91.jpg - 2.05 MbФарорасии соли нави таҳсилро бароятон самимона табрик мегӯям. Бигзор  сафо ва файзи соли нави таҳсил, ки ҳамагон чун Рӯзи дониш ва дарси Сулҳ медонанд, дар  донишгоҳ ва саросари кишвари  тозаистиқлоли мо ҳамеша пойдору абадӣ бошад.

Қайд кардан ба маврид аст,  ки маънои калимаҳои  «донишгоҳ», «дониш» ва «сулҳ» бо ҳам иртиботи маъноии қавии  ногусастанӣ доранд.

Фароҳамоварандаи  шароити созгор баҳри созандагиву бунёдкорӣ ва таъмингари тинҷиву осоиштагии мардум ин сулҳ мебошад. Маҳз бо шарофати Сулҳу Ваҳдат обрӯву эътибори халқи тоҷик дар арсаи ҷаҳон бағоят афзуд ва истиқлолияти ин халқи куҳанбунёд устувору пойдор гашт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки табиатан сулҳхоҳу ваҳдатпарастанд, борҳо зимни суханрониҳои худ таъкид кардаанд, ки «сулҳ муҳимтарин омили бақои миллат ва гарави осоиштагии ҳар як сокини осоиштаи мамлакат мебошад».

Мояи ифтихор ва фараҳмандист, ки дар кишвари тозаистиқлол ва  сулҳпойдори мо нахустрӯзи соли нави таҳсил Рӯзи дониш эълон гардидааст ва дар ин рӯз дар кулли таълимгоҳҳои мамлакат дарси Сулҳ баргузор карда мешавад.

Сулҳ заминаи муҳимму арзишманд барои таҳким ва рушди соҳаи маориф ва донишандӯзии донишҷӯёну толибилмон мебошад.

Дар  ҷаҳони муосир нисбат ба мақому манзалати сулҳу субот ва арҷ гузоштан ба ин неъмати бебаҳо аз ҷониби наврасону ҷавонон ва кулли шаҳрвандони мамлакат бояд таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад.

Сулҳ мафҳуми муқаддас ва беназир буда, дар шароити ҷаҳонишавӣ барои тамоми сокинони сайёра аҳамияти хоса касб кардааст.

Сулҳ ба ҳайси бузургтарин сармояи маънавии инсоният шароит ва имкон фароҳам меорад, ки аҳли башар бо ҳам дӯстона зиндагӣ кунанд ва барои худ муҳити орому осоишта бунёд намоянд.

Маврид ба иқтибосоварӣ аз гуфтаҳои ҳикматрезу ҳидоятгари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мефармоянд: «Шахси донишманд дар ягон давру замон душворӣ намекашад, зеро дониши андӯхтааш ҳамеша ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намуда, дар масири ҳаёт барояш ҳамчун сипар хидмат менамояд».

Бовар дорам, ки Рӯзи дониш ва дарси Сулҳ ҳусни оғози соли тозаи таҳсил мегардад ва ба аҳли донишгоҳи азизамон баҳри фаъолияти доманадору пурвусъат ва донишандӯзии мустадому фарогир дар ҷараёни таҳсил илҳомбахш мешавад. Ҷомеаи донишгоҳ ифтихорманд аст, ки Рӯзи дониш  дар заминаи чорабиниҳои рангину пурмуҳтаво ва бо ширкати фаъолонаи донишҷӯёну омӯзгорон таҷлил мешавад.

Ёдовар шудан боиси ифтихор аст, ки дар оғози соли таҳсили 2014-2015 ба боргоҳи маърифати азизи мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташриф оварда, дар ифтитоҳи бинои нави таълимии муҷаҳҳаз бо шароити замонавӣ, ки имрӯз дар он факултаҳои забонҳои романӣ – германӣ, забони англисӣ, технология ва соҳибкорӣ фаъолият доранд, ширкат варзида, суханронӣ намуданд. Ин ташрифи саодатбору файзофари Пешвои маҳбуби давлатамон ҳамеша муҷиби ифтихор ва илҳомбахши мо хоҳад буд.

Донишгоҳи мо чун ҳарсола ба соли нави таҳсил ҳаматарафа омода мебошад. Дар давраи таътил қисми зиёди ҳуҷраҳои корӣ, дарсхонаву озмоишгоҳҳо, толору долонҳо ва саҳну атрофи таълимгоҳ таъмиру ободкорӣ, рангубор ва тозаву озода карда шуданд, илова бар ин корҳои таъмиру азнавсозӣ боз як миқдор таҷҳизоти нави таълимиву маишӣ барои синфхонаҳои факултети химия дастрас гардид.

Умед бар он мекунем, ки шогирдони мо дар тамоми давраи таҳсил баҳри пок нигоҳ доштани кулли ашёи донишгоҳ ва риояи тартибот дар маърифатгоҳи азизи хеш ҷидду ҷаҳд хоҳанд кард.

Ба ифтихори оғози соли нави таҳсил ва фарорасии ҷашни фархундаи миллат-Истиқлоли кишвар таманнои онро дорам, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолу ваҳдатошёни мо ҳамеша ободу гулрез ва дар ошёни Сулҳу Ваҳдат бимонад ва Истиқлолияти давлатиаш устувору безавол бошад.

Бори дигар оғози соли нави таҳсил, Рӯзи дониш ва дарси Сулҳро, ҳамчунин, ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубро ба ҳамаи шумо, аҳли донишгоҳ, самимона таҳният мегӯям.

Ҳамеша комёбиву комгорӣ, сарбаландиву саодатмандӣ ва барору нусрат насибатон бод!

 

 

 

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj