• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

 

Намоиши нуҳуми «Китоби Душанбе»

zam 106.jpg - 14.77 KbҲунари китобхонӣ яке аз муҳимтарин маҳоратҳои асосии дунёи имрӯз ба шумор меравад ва мутолиа барои доштан иртибот бо ҷомеаи имрӯз амри зарурӣ гаридидааст. Зеро ба андешаи бархе коршиносон хондан ва мутолиаи китоб  кӯмак мекунад то афрод тахайюли фаъолтаре дошта бошанд ва ин тахайюл омили  пешрафти шахс  дар ҷомеа мешавад. Китоб хондан ҳофиза ва тамаркузро беҳбуд мебахшад ва ҳамчунин боиси коҳиши стрес мешавад. Ҳамаи афроде, ки вақти худро бо хондани китоб мегузаронанд нишонаҳои коҳиши шинохти камтаре доранд ва дар фаъолиятҳои зеҳнӣ бештар ширкат мекунанд.

Маҳз ба хотири пешрафти ҷомеаи солим ва ба китоб рӯйовардани аҳолӣ санаи 4-уми сентябр, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон намоиши нуҳуми «Китоби Душанбе» баргузор гардид, ки дар он иштироки донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон аз ҳама факултаҳо фиристода шуданд. Дар ин намоишгоҳ тамоми муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии кишвар, нашриётҳои давлатию шахсӣ китобҳои тозанашри хешро ба намоиш гузоштанд. Ҳамчунин дар ин намоишгоҳ Донишгоҳи мо низ китобҳои тозанашри устодони донишгоҳро ба намоиш гузошт. Донишҷӯёни курси якуми факултети химия низ баъд аз дарс ба ин намоишгоҳ рафта дар назди намоишгоҳи китобҳои донишгоҳ акси хотиравӣ гирифтанд. Ҳамчунин аз ин намоишгоҳ ба худ чандин китобҳои дарсию бадеӣ харидорӣ намуданд. Қобили қайд аст, ки ин намоишгоҳ аз 4-ум то 6-уми сентябр  давом мекунад.

 

Абдулхайр   Абдураҳмонов,

Раиси созмони ҷавонони факултети химия

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj