• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

 

ИСТИҚЛОЛИЯТ КӮЧАБОҒИ САБЗИ КИШВАР

(Чорабинии идона бахшида ба 28-умин солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон )

zan 5.jpg - 51.99 KbШояд болотар ва шоистатар аз ин тафсире барои вожаи Истиқлолият шарҳе дар ваҷҳи ниёзмандии инсон пайдо натавон кард. Ин ҷойгоҳу мақоми шоёни истиқлолияти комилро таърих дубора дар оинаи хеш дар марҳилаи навини рӯзгори тоҷикон мутаҷаллӣ сохт, то сабақҳои тозае бардорем ва боз ҳам дар ниёзмандии беандоза ба вуҷуди мубораки ин рӯзи муборак дар рӯзгори чӣ сиёсиву иҷтимоӣ ва чӣ фарҳангиву маънавӣ бошем.

Маҳз ба ин хотир имрӯз (06.09.2019) дар Донишгоҳи давлатии  омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо шукуҳи хоса таҷлил гардид.

Ректори донишгоҳи мазкур, профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ чорабинии идонаро оғоз намуда, меҳмонон ва устодону донишҷӯёнро ба ин санаи тақдирсози миллат табрик намуда, зикр намуданд, ки: «Таҷлили ҷашни мазкур ҳамчун нишонаи соҳибдавлатии миллати куҳанбунёдамон наслҳои имрӯзу ояндаро ба худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ободсозии Ватани азизамон ҳидоят мекунад. Тавре ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон таъкид месозанд: «Мо бояд ҳамеша аз Истиқлолияти давлатӣ, ки аз ҷумлаи муқаддасоти ҷовидонӣ мебошад, шукрона карда, онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоем. Зеро Истиқлолият соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти воқеии давлатро дар танзим ва пешбурди сиёсати дохилӣ ва хориҷии худ инъикос намуда, дар бахшҳои сиёсат, иқтисод, фарҳанг, иҷтимоиёт ва дигар аркони зиндагии ҷомеа соҳибияти кишварро нишон медиҳад».

Ҳамччунин дар идомаи суҳбат Нӯъмонҷон Ғаффорӣ ба ин нукта таъкид намуданд: «Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз мо ҳайати профессорону омӯзгорон тақозо мекунад, ки насли дорои тафаккури созанда, ҷаҳонбиниву дониши муосир, соҳибмаърифату соҳибихтисос, ватанпарасту ваҳдатосо таълиму тарбия намоем, ки барои тараққиёту ободии ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо иродаи мустаҳкам ва содиқона хизмат намуда, дар арсаи ҷаҳонӣ аз давлату миллаи худ пуштибонӣ карда тавонанд».

Дар поёни суханронии худ ректори донишгоҳи мазкур ҳамаи иштирокчиёнро ба ин ҷашни фархунда табрик намуданд.

Пас аз суханронии ректори ДДОТ ба номи С. Айнӣ Қувватов Сайдулло мудири Шӯъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ ва Рауфзода Комрон магистри курси дуввуми факултаи таърихи донишгоҳ перомуни Истиқлолият маърузаҳои илмии худро ироа намуданд.

Пас аз шунидани маърӯзаҳои илмӣ аз ҷониби Иттифоқи касабаи донишгоҳ якчанд устодони донишгоҳ ба Ифтихорнома ва нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардиданд.

Дар охири чорабинӣ дастаи ҳунарии «Чаманоро»-и донишгоҳ барои болидарӯҳии ҳозирин барномаи фароғатии хешро пешкаш намуданд.

Шуъбаи таҳлил вар обита бо ҷомеаи

ДДОТ ба номи С. Айнӣ

 

 

zan 4.jpg - 80.87 Kbzan 1.jpg - 101.03 Kb zan 2.jpg - 105.40 Kb zan 3.jpg - 99.48 Kb

zan 6.jpg - 97.80 Kb zan 7.jpg - 54.44 Kb zan 8.jpg - 83.94 Kb zan 10.jpg - 63.00 Kb

zan 9.jpg - 77.52 Kb zan 11.jpg - 82.98 Kb zan 12.jpg - 84.24 Kb zan 13.jpg - 85.12 Kb

zan 14.jpg - 82.64 Kb zan 15.jpg - 93.08 Kb zan 16.jpg - 84.39 Kb zan 17.jpg - 91.92 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj