There are no translations available.
ҶАШНИ 28-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ Дар доираи нақша чорабиниҳо бахшида ба таҷлили ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани агрегати дуюми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» рӯзҳои 6,7 ва 8 сентябри соли 2019 аз соати 18:00 то 19:00 дар боғи фарҳангию фароғатии «Боғи устод Рӯдакӣ» дастаи фарҳагии «Черанамо»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки бевоситаи ректори донишгоҳи мазкур, профессор Нӯъмонҷон Ғафорӣ баҳри фароғати сокинони пойтахт бо барномаҳои ҷаззоби худ ҳунарнамоӣ намуданд. Давоми се рӯз, ки дастаи фарҳагии «Черанамо»-и донишгоҳ бо сурудҳои дилошуб ҳунарнамоӣ намуданд, бори дигар собит гардид, ки дар кишвари азизамон ҳар лаҳзааш зуҳури навгониҳост, ибтикороти бештар ба вуқуъ мепайвандад, подоши некандешиву ифтихор ва иродату эътимоди халқ ба кишвар ва ҳама эъҷозҳоест, ки дар имтидоди Истиқлолият чашмгир гаштаанд. Яъне итминон бояд ҳосил намуд, ки исми ҳама созгориҳое, ки барои ободтар, шодобтар, шукуфотар ва ҷонбахштар кардани ҷуғрофиёи офтобӣ ва сабзу сапеди мо ба сомони нек расидаанд, як василаи шинохти дурусти тоҷикон аз равзанаи навкушудаи ҷаҳониён ба сӯи Тоҷикистон гашта ва ниҳоят қалбу андешаи халқро огандаи эҳсоси бовар ба фардо кардаанд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДОТ ба номи С.Айнӣ
|