• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

ДОНИШ ТАЛАБУ БУЗУРГӢ ОМӮЗ...

zan 65.JPG - 79.67 KbСоли нави хониш фаро расид. Устодону донишҷӯён бо як рӯҳияи тоза ва бо завқи фаровон ба дарс, ба макони илму маърифат – донишгоҳ ҳозир шудаанд. Чуноне ки имрӯз мушоҳида кардем дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дарсҳо бо маром идома доранд. Толибилмон сари вақт ба дарсҳо ҳозир шуда аз дарсҳои устодони хеш ғизои маънавӣ мегиранд.

Донишҷӯёни донишгоҳи мазкур  суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро маншаи кори худ қарор дода, барои ояндаи миллату давлат, ки “ояндаи давлат аз ҷавонон вобаста аст” ҳарчи бештар илму дониш аз худ намуда истодаанд.

Тавре Сарвари давлат  дар паёми табрикотии худ дар Рӯзи дониши соли равон қайд намуданд: “Наврасон ва ҷавонон, ки мо онҳоро наслҳои ояндасози кишвар медонем, вазифадоранд, ки ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунарҳои замонавӣ ҷиддӣ машғул шаванд, ду - се забони хориҷиро мисли забони модарии худ донанд ва истифодаи технологияҳои электронии муосирро аз худ намоянд.”

Дар соли нави хониш ба ҳамаи донишҷӯён ва устодони ин боргоҳи маърифат муваффақият ва бурдбориҳои беназирро таманно дорем.

 

Баҳодур Каримов,

мутахассиси Сомонаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ

zan 66.JPG - 75.19 Kb zan 61.JPG - 80.85 Kb zan 62.JPG - 85.03 Kb zan 64.JPG - 75.93 Kb

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj