• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

 

Тарғиби фарҳанги миллӣ

Рӯзи  13 сентябри соли 2019 бо ташаббуси  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақша чорабиниҳои муштарак бо вазоратҳои тандурустӣ ва хифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, корҳои дохилӣ, кумитаҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, кор бо занон ва оила дар толори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ бо  иштироки намояндагони  Сардори раёсати кумитаи  кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон – Азимова Маҳбуба, Кумитаи дин танзими анъана ва ҷашну маросимҳо-  Нуқра Саидова, Муассисаи давлатии маркази шаҳрии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил – Каримова Меҳрӣ  ва иштироки 30 нафар донишҷудухтарони  ДДОТ ба номи С. Айнӣ чорабинии  маърифати ва ба ин васила тарғиби фарҳанги миллӣ, пешгири аз падидаҳои номатлуб ва бемориҳои сироятӣ бо ҷавондухтарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе вобаста ба ҷалби онҳо  ба ташаккули тарзи ҳаёти солим, пайдо намудани маълумот оид ба бемориҳои сироятӣ аз ҷумла бемории сил ва ВНМО ва роҳҳои пешгирии онҳо, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои носолими ҷомеа ва пешгирии пайравии онҳо ба фарҳанги бегона  мулоқоти  судманд баргузор гардид.

Меҳмонони чорабинии  мазкур  доир ба пешгирии ВНМО, пайдоиш ва барангезандагони ин беморӣ, роҳҳои табобат ва бартараф кардани ин вирус  ва чиҳати баланд бардоштани одоби шаҳрнишинӣ миёни  ҷавонон,  худогоҳӣ, пешгирии бегонапарастӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва маърифати оиладории ҷавонон маслиҳатҳои муфиду ибратбахш пешниҳод намуданд.

Чорабинӣ бо баромади меҳмонону донишҷӯён хеле  муташаккилона ва хотирмон гузашт.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj