• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

Ҷомеаи солим пешрафти кишвар

(мизи мудаввар дар мавзӯи «Пешгирии бемории ВНМО/БПНМ

миёни ҷавонон – омили асосии солимии миллат»)

3.jpg - 123.64 KbРузи 02 октябри  соли 2019 бо ташаббуси  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Нақшаи чорабиниҳои муштарак бо вазорату идораҳои дахлдор мизи мудаввар дар мавзӯи «Пешгирии бемории ВНМО/БПНМ миёни ҷавонон – омили асосии солимии миллат» доир гардид.

Дар  мизи мудаввар  бо намояндагии Абдуллозода  Аҳтам Рустам  - раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  намоянда аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори Раёсати назорати умумӣ- Давлатзода Зокир, сардори Маркази осоишии табобатии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон- Наҷмидинзода Нуриддин,  нозири калони Шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- Алиёрзода Наргис,  мудири Шуъбаи  масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати дохилӣ ва берунии муассисаҳои давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» - Анварова Сурайё  иштирок карда, доир ба мавзӯи мизи мудаввар  маърӯзаҳо пешниҳод намуданд.

Инчунин иштироки Бахши  кор бо духтарону занони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ барои пешбурди  кори мизи мудаввар иштироки 20 нафар донишҷӯёни фаъолро таъмин намуда, дар музокираҳо нисбати масъалаҳои баррасигардида баромад карда, пешниҳодҳо намуданд.

Меҳмонони чорабинии  мазкур  доир ба  ҷоннок гардонидани ҳамкориҳо бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати баланд бардоштани мафкураи донишҷӯён оид ба ташаккули тарзи ҳаёти солим, пайдо намудани маълумот оид ба бемориҳои сироятӣ аз ҷумла бемории ВНМО,  пайдоиш ва барангезандагони ин беморӣ, роҳҳои пешгирӣ, бартараф ва табобат кардани ин вирус ва ҷиҳати баланд бардоштани одоби шаҳрнишинӣ миёни ҷавонон, худогоҳӣ, пешгирии бегонапарастӣ ва баланд бардоштани маърифтаи ҳуқуқӣ ва маърифати оиладории ҷавонон ба донишҷӯён маслиҳатҳои муфиду ибратбахш манзур намуданд .

 

Бахши кор бо духтарону

занони донишгоҳ  Саидова Г.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj