• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

 

АГАР ДАР ҶАҲОН НАБВАД ОМӮЗГОР…

IMG_8969.JPG - 82.41 KbСаҳифаҳои заррини таърих бо тарбияи дурахшони устодон то имрӯз давом ёфта, бар худ нақши абадӣ ифо намудаанд. Ва бо донишу малакаи худ пайкори муқаддаси хеш ҳамосаҳои шукӯҳманд ва ҷовидро дар созандагии инсон мутааҳҳид ба вуҷуд оварданд ва кохи баланди пояи илм ва фазилатро бино ниҳодаанд. Иғроқ нагуфтаем агар бигӯем, ки маҳз ба шарофатии муаллимон парчами тавҳиду ягонагӣ барафрошта гардидааст.

Аз ин рӯ, ҳама сола ҳафтаи аввали моҳи октябр "Рӯзи муаллим" дар сар тосарии кишвари маҳбубамон баргузор мегардад.

Имрӯз (03.10.2019) дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садридин Айнӣ "Рӯзи муаллим" бо шукуҳи хоса таҷлил гардид.

Нӯъмонҷон Ғаффорӣ - ректори донишгоҳи мазкур ҳамаи устодони донишгоҳро ба ин рӯзи фархунда табрик намуда, ба устодон туҳфаҳои хотирмонро тақдим намуданд.

Шоире барҳақ фармуда, ки:

Муаллим роҳбари илми замон бошад,

Муаллим рӯҳбахши одамон бошад.

Кунад равшан ба мо имрӯз фардоро

Хабардор ӯ зи асрори ниҳон бошад.

Кунад парвоз инсон дар само нотарс,

Муаллим дар замин чун нуқтадон бошад.

Расонад одамонро бар муроди хеш,

Муаллим ҷумларо мақсадрасон бошад.

Дар охири чорабинӣ дастаи ҳунарии «Чеҳранамо»-и донишгоҳ табъи ҳозиринро шод намуданд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи

ДДОТ ба номи С. Айнӣ

 

IMG_8955.JPG - 87.21 Kb IMG_8956.JPG - 88.92 Kb IMG_8963.JPG - 91.10 Kb IMG_8969.JPG - 82.41 Kb IMG_8978.JPG - 55.01 Kb IMG_8988.JPG - 85.29 Kb IMG_8992.JPG - 87.26 Kb IMG_8995.JPG - 98.89 Kb IMG_8999.JPG - 81.30 Kb IMG_9004.JPG - 86.86 Kb IMG_9009.JPG - 87.59 Kb IMG_9017.JPG - 89.03 Kb

IMG_9023.JPG - 85.45 Kb IMG_9026.JPG - 93.72 Kb IMG_9030.JPG - 89.39 Kb IMG_9032.JPG - 97.09 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj