• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

 

ЗАБОН – ҲАСТИИ МИЛЛАТ

(дарси кушод)

IMG_9290.JPG - 80.96 KbДар таърихи 05.10. 2019 вобаста ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби иҷрокунандаи мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик устод Х. Раҳимов  дарси кушод гузаронида шуд. Дарс аз фанни таълими забони адабии ҳозираи тоҷик буда, дар мавзӯи «Забони адабӣ ва нишонаҳои он» доир гардид.

Иштироки  хонандагон  дар курси 1 таҳсилоти  ибтидоӣ  (тоҷикӣ) 95 % ташкил дод. Дар дарси кушод декани факултет М.Мадатзода, дотсентон Бегимов Ҳ., Тураев Ё., Раҷабов Т., А. Ғаффоров  ширкат намуданд. Дарс дар сатҳи баланд баргузор шуда ҷабҳаи таълимӣ, илмӣ ва тарбиявӣ дошт.

Устод Раҳимов дар рафти дарс аз тавсифҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд, аз ҷумла «Забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд».

Ҳамчунин сухани устод Лоиқ дар бораи бузургдошти забон хотирони аҳли аудитория шуд: «Забон дирӯз, имрӯз ва фардои халқ, шиносномаи миллат дар масири таърих буда ва ҳаст».

Дар дарс 8 нишонаи забони адаби қайд шуд ва тавассути тахтаи электронӣ намоиш дода шуд.

Донишҷӯён низ дар рафти дарс фаъолияти хуб нишон дода ба саволҳо ҷавоб гуфтанд.

Ҳамчунин донишҷӯён Камолова Идигул, Раҷабова Хушнуда, Қаюмова Шаҳноза, Нусратзода Нозофарин ва дигарон дар васфи забони шеърҳо қироат намуданд.

Мутахассиси сомонаи донишгоҳ

Каримов Баҳодур

IMG_9284.JPG - 71.92 Kb IMG_9296.JPG - 80.98 Kb IMG_9278.JPG - 80.80 Kb IMG_9286.JPG - 81.44 Kb IMG_9282.JPG - 86.86 Kb IMG_9277.JPG - 84.05 Kb

 

 

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj