• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

 

Баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии

занону ҷавондухтарон-омили рушди суботи ҷомеа

(Форуми ҷумҳуриявӣ)

IMG_9610.JPG - 97.09 KbДар санаи 09.10.2019 дар муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи "Баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии занону ҷавондухтарон-омили рушди суботи ҷомеа" бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва баланд бардоштани нақши занону ҷавондухтарон дар ҷомеа, баргузор гардид. Қабл аз оғози форум дар саҳни китобхона намоиши дастовардҳои илмӣ-инноватсионии вазорату идораҳои дахлдор ва муассисаҳои олии таълимии ҳудуди шаҳри Душанбе намоиш дода шуд, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ низ дастовардҳои илмии худро ба марази тамошо гузоштанд. Дар рафти баргузории форум ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мусоҷонова Ҷамила ва кормандону донишҷӯён иштирок намуданд. Баъди анҷоми қисмати асосии форуми мазкур кор дар бахшҳо оғоз гардид. Бахшҳои алоҳидаи форум аз мавзӯҳои зерин иборат буд:

 

-        Нақш ва мавқеи занону ҷавондухтарон дар зинаи идоракунии давлатӣ;

-        Сабабҳо ва роҳу усулҳои пешгирии шомилшавии занону ҷавондухтарон ба гуруҳҳои террористиву экстримистӣ;

-        Нақши ҷавондухтарону занони соҳибкор дар рушди иқтисодиёти кишвар;

-        Пешгирии хушунат ва зӯроварӣ дар оила омили устувории оилаҳои ҷавон;

-        Нақши занон дар рушди илм ва инноватсия;

-        Нақши занон дар рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ;

-        Пешгирии бемории ВНМО/БПНМ миёни ҷавондухтарону занон – омили асосии солимии миллат.

Бояд гуфт, ки дар бахши якум  муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мусоҷонова Ҷамила бо маърузаи хеш баромад намуданд.

Дар бахшҳои форум низ зиёда аз дусад донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ иштирок намуданд.

Мутахассиси сомонаи донишгоҳ

Каримов Б.

 

IMG_9489.JPG - 112.65 Kb IMG_9495.JPG - 104.47 Kb IMG_9470.JPG - 108.59 Kb IMG_9501.JPG - 110.11 Kb IMG_9485.JPG - 114.26 Kb IMG_9539.JPG - 112.11 Kb IMG_9543.JPG - 124.70 Kb IMG_9560.JPG - 88.44 Kb IMG_9562.JPG - 91.94 Kb IMG_9575.JPG - 110.86 Kb IMG_9597.JPG - 94.59 Kb IMG_9601.JPG - 103.53 KbIMG_9641.JPG - 95.48 Kb IMG_9610.JPG - 97.09 Kb IMG_9613 - копия.JPG - 87.08 Kb IMG_9640.JPG - 94.62 Kb IMG_9655.JPG - 82.58 Kb IMG_9656.JPG - 78.56 Kb IMG_9666.JPG - 86.88 Kb IMG_9668.JPG - 112.43 Kb

IMG_9675.JPG - 95.62 Kb IMG_9681.JPG - 76.65 Kb IMG_9689.JPG - 100.77 Kb IMG_9683.JPG - 76.74 Kb

IMG_9700.JPG - 96.06 Kb IMG_9704.JPG - 67.75 Kb IMG_9710.JPG - 95.51 Kb IMG_9713.JPG - 79.27 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj