• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Р.Асадуллин донишгоҳи моро ситоиш кард (Аксҳо)

Раиля Асадуллин, профессор, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон ба номи М.Акмуллӣ 10-уми сентябри соли ҷорӣ ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ташриф оварда, бо ректор, академик Абдуҷаббор Раҳмонов мулоқот намуд.

Зимни суҳбат А.Раҳмонов ҳузури меҳмонро ба маърифатгоҳи мо натиҷаи нек ва назарраси ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ кард. Ӯ изҳор дошт,

ки ҳарчанд равобит миёни ду мактаби олии омӯзгорӣ ба тозагӣ ба роҳ монда шуда бошад ҳам, хурсандибахш аст, ки дар муддати кӯтоҳ тақвият ёфтааст. Итминони комил ҳаст, ки дар ҷодаҳои мухталиф шартномаҳои ҳамкорӣ ба тасвиб мерасанд ва миёни омӯзгорон табодули таҷриба сурат мегирад.

 

Р.Асадуллин, ректор, дар оғози сухани хеш ба роҳбарияти донишгоҳи мо барои даъват ва пазироии самимӣ арзи сипос намуда, зикр кард, ки чун фаъолияти ҳар ду таълимгоҳ ба як самт равона мебошад, моро месазад, то дар бахшҳои гуногун созишномаҳо ба тавсиб расонем. Р.Асадуллин аз сафари кории А.Раҳмонов ба донишгоҳашон ёдовар шуда, изҳор дошт, ки он замон доир ба барқарорнамоии равобити ҳасана гуфтугӯ сурат гирифта буд. Ба қавли мавсуф, ташаббускори аслии ҳамкориҳои дуҷониба ректори мо А.Раҳмонов мебошад, ки шахсест ниҳоят таҷрибадор ва бодониш.

Пас аз суҳбати судманд тибқи нақша ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон ба номи М.Акмуллӣ, профессор Р.Асадуллин аз бинои нави таълимӣ, Маркази педагогикаи миллӣ, Маркази амалинамоии лоиҳаи «Таҳкими равиши педагогӣ», Маркази русӣ, китобхонаи электронӣ, Хазинаи тиллоӣ, толори гимнастика ва толори фарҳангӣ дидан намуд. Зимни шиносоӣ бо синфхонаи дӯзандагӣ, ки дар факултаи технология ва соҳибкорӣ ҷойгир аст, Р.Асадуллинро ҳунари дастони донишҷӯён ба ҳайрат овард. Ӯ бо ишора ба ашёи аз ҷониби муҳассилин дӯхташуда, ки ба маърази намоиш гузошта шуда буданд, изҳор дошт, ки воқеан ҳам, ин ҷо макони илму ҳунар ва эҷод мебошад. Лисбоҳои миллӣ, кашидадӯзию сӯзаниҳо ва чойпӯшҳо таваҷҷуҳи меҳмонро бештар ҷалб карданд. Аз номи ҳунаромӯзони ин даргоҳ ба Р.Асадуллин чойпӯши зебои пурнақшу нигор тақдим гардид.

Дар синфхонаи дигари факултаи мазкур, ки бо технология ва ашёи замонавӣ муҷаҳҳаз буд, ҳар як нафар толибилм дар назди хеш асбоби махсуси таълимӣ дошт ва бо кӯмаки он фанни нақшакашӣ меомӯхт. Деворҳои гачкорӣ ва сақфи гулкоришудаи ин дарсгоҳ меҳмонро, ба қавли ӯ, мафтун карданд. Мавсуф бо ҳаяҷони зиёд аз дидани чунин зебоиҳо зикр намуд, ки ин гуна синфхонаро дар ҳеҷ донишгоҳ надидааст ва аз наворбардор хоҳиш кард, то ҳамаро аз наздик сабт намояд. Расми агрегати аввали НБО-и Роғун, ки аз тарафи донишҷӯён дар чӯб кандакорӣ шуда, дар девор овезон буд, ба Р.Асадуллин писанд омад ва изҳори боварӣ намуд, ки он ҳатман сохта хоҳад шуд.

Дар факултаи забони англисӣ донишомӯзон меҳмонро бо забонҳои англисӣ, чинӣ ва кореягӣ хайрамақдам гуфтанд. Ректори Донишгоҳи Бошқирдистон сатҳи забондонӣ, усули таълим ва шароити тадрисро ситоиш  карда, изҳор дошт, донишҷӯён имкон доранд, ки дар таълимгоҳи онҳо идомаи таҳсил намоянд. Синфхонаҳои лингафонӣ, ки бо технологияҳои муосир ҷиҳозонида шудаанд ва навиштаҷотҳои шоирони бузург бо забонҳои мухталиф раванди омӯзиши забонро осон мегардонад. Муҳимтар аз ҳама, омӯзгорон аз хориҷи мамлакат барои тадрис омадаанд, ки метавон гуфт, барои беҳтар шудани сифати таълим мусоидат хоҳанд кард. Бо ишора ба ин ҳама Р.Асадуллин дар муроҷиат ба донишҷӯён қайд намуд, ки онҳо хушбахттарин муҳассилинанд, ки дар чунин даргоҳ ва бо ин гуна шароит таҳсил менамоянд.

Устодони факултаи забонҳои романӣ-германӣ, ки ба шогирдон забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ меомӯзанд, тавонистаанд, ки дар як муддати кӯтоҳ ба муваффақият ноил шаванд. Р.Асадуллин, ки худ бо забони олмонӣ озод ҳарф мезадааст, ба забондонии донишҷӯён баҳои баланд дод. Лозим ба зикр аст, ки синфхонаҳои ин факулта низ бо компютерҳо, тахтаҳои электронӣ ва дигар воситаҳои зарурии техникӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

Мавриди қайд аст, ки меҳмон дар ин бино, ҳамзамон, бо дастовардҳои илмию омӯзгории устодони маърифатгоҳи мо низ ошно гардид.

Хулоса, Р.Асадуллин, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон ба номи М.Акмуллӣ дар маҷмӯъ шароити таҳсил, рафти омӯзиш ва одоби донишҷӯёнро дар сатҳи ниҳоят баланд арзёбӣ карда, таъкид дошт, ки ҳатто, дар Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Маскави Русия низ ин гуна баззаи моддию техникии пурқувват вуҷуд надорад. Ва муҳассилинро мебояд, ки аз ин ҳама имконот васеъ истифода намоянд.

Сипас, Р.Асадуллин аз толори гимнастика, ки ба тозагӣ азнавсозӣ гардидааст, дидан кард. Дар ин ҷо асбобҳои махсус барои навъҳои варзиши сабук вуҷуд доштанд. Ба қавли меҳмон, машғулият ба варзиш ба раванди азхуднамоии дарсҳо мусоидат мекунад.

Дар китобхонаи электронӣ, ки шумораи зиёди компютерҳо дар рӯи мизҳои хушсохт гузошта шудаанд, ректор А.Раҳмонов таъкид дошт, ки мизҳо ҳама истеҳсоли худи донишгоҳ мебошанд, яъне дар Парки технологии таълимгоҳ сохта шудаанд. Мавсуф, ҳамчунин, маълумот дод, ки дар баззаи ин китобхона ҳудуди 5 ҳазор китобу рисолаҳои илмӣ ва матнҳои лексияҳои муаллимон маҳфуз ҳастанд. Донишҷӯён дар вақти зарурӣ аз онҳо фаровон истифода менамоянд. Дари китобхона то соати 18 ҳамарӯза кушода аст.

Зимни дидор аз Маркази педагогикаи миллӣ, ки дар он кати калон барои нишаст, мизи дастурхонгустарӣ, гаҳвора, болишту кӯрпача, асбобҳои мусиқӣ, дастгоҳи махсус барои сабти садо, бозичаҳои зиёди гуногун, аз қабили лӯхтак, мошинча ва ғайра мавҷуд мебошад, Р.Асадуллин иброз дошт, ки дар маърифатгоҳи онҳо чунин марказ вуҷуд надорад ва ҳатман дар андешаи таъсиси он хоҳад шуд.

Дар Маркази амалинамоии лоиҳаи «Таҳкими равиши педагогӣ», ки шаклу услуб ва методҳои нави замонавӣ тавассути технологияҳои пешрафтатарини ҷаҳонӣ мавриди таълим қарор мегиранд, А.Раҳмонов зикр кард, ки дар ин ҷода Донишгоҳи омӯзгории Бошқирдистон тараққӣ кардааст ва моро мебояд, то ҳамкориро дар ин ҷода густариш бахшем.

Дар Маркази русӣ, ки як нафар донишҷӯдухтар бо забони бошқирӣ бо шеър меҳмонро хуш омадед гуфт, Р.Асадуллинро зиёд ба риққат овард. Тавре худи ӯ иқрор шуд, ашк дар чашмонаш ҳалқа заданд. Мавсуф ба ин донишҷӯ як китоби шоири хуби ҳамзабонашро туҳфа намуд.

Ҳангоми дидор аз ин даргоҳ Р.Асадуллин ваъда дод, ки бо рафтан ба ватани хеш ҳатман дар донишгоҳашон Маркази фарҳанги тоҷикӣ таъсис медиҳад.

Дар идома роҳбарияти донишгоҳи мо меҳмонро бо хазинаи тиллоӣ, ки дар ин ҷо қисмати зиёди дастнависҳо маҳфузанд, ошно намуд. Тавре зикр гардид, дар ин боргоҳ куҳнатарин китоб аз асри 1Х мебошад. Дар девор харитаи бузурги давлати Сомониён насб шудааст. А.Раҳмонов доир ба ҳудуди ҳокимияти шоҳ Исмоили Сомонӣ ба Р.Асадуллин маълумот ироа кард.

Сипас, дар толори Шӯрои олимон мулоқоти Р.Асадуллин бо деканони факултаҳо ва як қатор роҳбарони сохторҳо доир гардид. Дар оғози вохӯрӣ академик А.Раҳмонов пиромуни боздидаш аз Донишгоҳи омӯзгории Бошқирдистон сухан ронда, таълимгоҳи мазкурро яке аз муассисаи олии тараққикардаи минтақа унвон кард. Дар такя бар қавли мавсуф, зимни сафари охири ӯ ба ин кишвар, ки ҳамагӣ чанд моҳи қабл сурат гирифт, бо Донишгоҳи омӯзгории ин кишвар созишномаҳои гуногунҷанба доир ба ҳамкориҳои судманд ба тасвиб расиданд.

Р.Асадуллин дар хусуси фаъолият ва ихтисосҳои таълимгоҳашон маълумоти муфассал ироа намуд. Бинобар гуфтаи ӯ, донишгоҳи онҳо соли 1967 таъсис ёфта, дорои 11 факулта мебошад. Шумораи муҳассилин бошад, ҳудуди 13 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Дар мулоқот ҷонибҳо барои табодули таҷрибаи омӯзгорон, қабули муҳассилини якдигар дар зинаҳои бакалавр ва магистратура изҳори омодагӣ карданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш Р.Асадуллин ректори донишгоҳи мо А.Раҳмоновро барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд аз номи ҳайати омӯзгорони таълимгоҳашон бо нишони тиллоӣ ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонид.

Бахтиёри Абдураҳим

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj