• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

 

ШИРКАТ ДАР ҶАЛАСАИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБӢ

16.jpg - 107.03 KbДар санаи 16 – октябри соли равон дар  Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Абдураҳимова Дилбар Ҳабибуллоевна-Муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Самӣ Шариф Ҳамид-Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ,  Расулзода Насимҷон-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода-Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории  Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Салимзода Амонулло Файзулло-Ректори ДАТ ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Ғаффурзода Абдухалил Давлаталӣ-Ректори Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Расулов Нуралӣ Сангакович-ноиби Ректор оид ба корҳои таълимии Донишгоҳи Славиянии Россияву Тоҷикистон, раисону кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия иштирок намуданд.

Дар аввал гузориши Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Расулзода Н.“Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои  ноҳиявии ҳизб дар  нуҳ моҳи соли 2019”, тасдиқи қарорҳои маҷлисҳои умумии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оиди қабул ба сафи ҳизб, даъвати Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баррасӣ карда шуд.

Инчунин  Абдураҳимова  Дилбар  Ҳабибуллоевна - Муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Самӣ Шариф Ҳамид-Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Ғаффурзода Абдухалил Давлаталӣ-Ректори Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода-Ректори ДДОТ ба номи С.Айнӣ баромад намуда, пешниҳодҳои муфиду саривақтиро барои тақвият бахшидани корҳо зикр намуданд.

Сомонаи донишгоҳ

 

18.jpg - 100.78 Kb 15.jpg - 159.68 Kb 17.jpg - 169.46 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj