• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Қаноатмандии муовини сарвазир аз равобити ҳамкориҳо (Аксҳо)

Муовини сарвазири Ҷумҳурии Бошқирдистон Салават Сагитов, ки дар чорчӯбаи ҷаласаҳои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба Тоҷикистон омадааст, 11-уми сентябр ба донишгоҳи мо ташриф овард. Дар ин сафар ӯро ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон ба номи М.Акмуллӣ, профессор Р.Асадуллин ҳамроҳӣ намуд. Зимни мулоқот бо ректор А.Раҳмонов ҷонибҳо аз барқароргардии риштаи ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

С.Сагитов Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон ба номи М.Акмуллиро яке аз макотиби олии тараққикардаи кишвараш унвон намуда, тасвиби созишномаҳо миёни ду таълимгоҳи омӯзгориро ба манфиати ҳарду тараф арзёбӣ кард. Дар такя бар қавли ӯ, аллакай дар сатҳи баланди ҳукуматӣ аз ин иқдоми наҷиб огоҳ ҳастанд ва ташрифи худи ӯ ба донишгоҳи мо ҳамчун нишони умедворӣ ба ояндаи неки ҳамкориҳо мебошад.

А.Раҳмонов мақдами меҳмони баландмартабаро ба маърифатгоҳ боиси ифтихор ва сарбаландӣ дониста, барои тавсеаи робитаҳо дар ҳама ҷодаҳои таълим изҳори омодагӣ намуд. Ҳамзамон, аз меҳмон  даъват ба амал овард, то аз бинои нави таълимӣ-туҳфаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Рӯзи дониш ва сулҳ ба аҳли донишгоҳ тақдим кард, дидан намояд.

Пас аз дидор ва ошноӣ бо бинои хушсохт С.Сагитов Сардори давлати моро ситоиш карда, ӯро Президенти воқеан ҳам, мардумӣ унвон намуд. Бинобар қавли ӯ, Тоҷикистон ҳамарӯза дар ҳолати рушд аст ва ба истифода додани бинои таълимӣ бо чунин шароити моддию техникӣ далели гуфтаҳост.

Сипас, муовини сарвазири Ҷумҳурии Бошқирдистон бо аъзои Шӯрои олимон мулоқот намуд. Зимни вохӯрӣ ба густариши ҳамкориҳо боз ҳам ишора гардида, таъкид шуд, ки аллакай дар заминаи шартномаҳои оғози соли нави 2014 ба имзо расида 25 нафар донишҷӯёни мо пас аз хатми зинаи бакалавр дар Донишгоҳи омӯзгории Бошқирдистон дар риштаи магистратура идомаи таҳсил доранд. Ва моро месазад, ки дар зинаҳои аспирантура ва докторантура низ равобитро таҳким бахшем.

Дар поёни нишаст ҷонибҳо ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.


Б.Абдураҳим

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj