• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

КӮДАКОН -  ГУЛИ НАМАКИ ЗИНДАГӢ

«Кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад».

Эмомалӣ Раҳмон

IMG_0476.JPG - 85.59 KbДар санаи 26.10.2019 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конфренсияи илмӣ-амалии донишгоҳӣ дар мавзӯи “Таҳсилоти томактабӣ: таҷриба, анъана ва навгониҳо”, бахшида ба 50-солагии кафедраи “Назария ва методикаи таҳсилоти томактабӣ” бо иштироки васеъи омӯзгорону донишҷӯён гузаронида шуд.

Дар конфренсияи мазкур ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода, Сардори шуъбаи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ - Сафаров Соҳибназар, Раиси Кумитаи занони шаҳри Душанбе – Шарипова .Наргис ҳузур дошта ва суханронӣ намуданд.

Эшон аз баргузории чунин конфренсия изҳори хушнудӣ намуданд. Сардори шуъбаи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ - Сафаров Соҳибназар қайд карданд, ки чунин чорабиниҳо доир ба атфол бештар сурат бигирад.

Мудири кафедари назария ва методикаи таҳсилоти томактабӣ  Тураев Ёрмаҳмад Бегматович, ки саҳмаш дар баргузории ин конфренсия беандоза аст, дар баромади худ доир ба ташкилёбӣ ва таърихи кафедра суханронӣ намуданд.

Дар конфренсияи мазкур, табрикоти кӯдакони кӯдакистони хусусии “Зарринтоҷ”, шеърҳо дар васфи мураббиён, суруди алла ва ҳамчунин суруд ва рақс пешкаши меҳмонону донишҷӯён гардонида шуд.

Баъд аз анҷомёбии қисми аввал, конфренсия дар бахшҳо оғоз гардид.

Сомонаи донишгоҳ

 

IMG_0442.JPG - 93.73 Kb IMG_0445.JPG - 74.48 Kb IMG_0451.JPG - 82.62 Kb IMG_0454.JPG - 88.85 Kb

IMG_0459.JPG - 92.47 Kb IMG_0461.JPG - 92.35 Kb IMG_0470.JPG - 76.25 Kb IMG_0476.JPG - 85.59 Kb

IMG_0478.JPG - 91.38 Kb IMG_0488.JPG - 74.39 Kb IMG_0492.JPG - 81.68 Kb IMG_0506.JPG - 93.30 Kb

IMG_0515.JPG - 70.37 Kb IMG_0528.JPG - 84.23 Kb IMG_0535.JPG - 115.13 Kb IMG_0582.JPG - 115.79 Kb

IMG_0593.JPG - 112.11 Kb IMG_0624.JPG - 116.26 Kb IMG_0658.JPG - 103.93 Kb IMG_0663.JPG - 101.79 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj