• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

Конститутсия бахтномаи миллат

57.JPG - 71.67 KbСанаи 5-уми ноябри соли ҷорӣ дар факултети забони англисӣ чорабинии илмӣ-фарҳангӣ бо ибтикори раиси шӯрои кураторони ҳамин факултет Мустафо Назриев бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ раиси шӯрои кураторони донишгоҳ Гулчеҳра Баротова, мудири кафедраи забони англисӣ Утаев Маъмурҷон, раиси шӯрои кураторони факултети забони англисӣ Мустафо Назриев ва инчунин дигар омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.

Дар оғоз Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод. Чорабинии мазкурро мудири кафедраи забони англисӣ Утаев Маъмурҷон ҳусни оғоз бахшида, ҳамаи омӯзгорону донишҷӯёнро ба муносибати 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд. Суруд дар васфи Тоҷикистон дар иҷрои донишҷӯи ҳамин факултет Одиназода Комрон аз ҷониби иштирокдорон хуб пазироӣ гардид. Дар ҷараёни чорабинӣ саволу ҷавоб гузаронида шуд, ки дар он саволҳо доир ба мавзӯҳои Конститутсия ва Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд буд. Ҳамин тариқ дар идома саҳначаи ҳаҷвӣ-тарбиявӣ гузаронида шуд, ки диққати ҳозиринро ба худ ҷалб кард. Дар фарҷоми чорабинӣ раиси шӯрои кураторони донишгоҳ Гулчеҳра Баротова суханронӣ намуда, ба чорабинии мазкур баҳои баланд доданд.

 

Омӯзгори кафедра

Мустафо Назриев

 

55.JPG - 76.19 Kb 58.JPG - 72.06 Kb 56.JPG - 76.45 Kb 59.JPG - 75.82 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj