• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

Мулоқоти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҷавонон бо омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

89.JPG - 84.38 KbДар асоси нақшаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯрии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ бо донишҷуёни муассисаҳои олии таълимии ҳудуди шаҳри Душанбе, доир ба ҳамроҳшавии ҷавонон ва донишҷӯён ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва инчунин терроризм ва экстремизм аз 28.10 2019 то 14.11.2019 баргузор мегардад.

Санаи 07.11. 2019. дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии намояндагони сохторҳои низомӣ ва соҳаи ҷавонон бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Наботов М., намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳимзода У., Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ профессор Ғаффорӣ Н., муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ дотсент Мусоҷонзода Ҷ. ва ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст Ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода меҳмононро ба ин даргоҳи илму маърифат хайру мақдам гуфта, доир ба ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва роҳҳои пешгирии ҷавонон ба терроризми байналмилалӣ ёдовар гардиданд. Сипас намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Наботов М. қайд намуданд, ки дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат доир ба пешгирӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию экстремистӣ ва роҳҳои пешгирии ҷавонон ба ин гуна гуна гуруҳҳоро пайваста кор бурда истодааст. Инчунин иброз доштанд, ки Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миёни омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ ва барангехтани низои миллӣ, динӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Мавсуф дар идомаи суханронӣ ба раёсати донишгоҳ изҳори сипос намуданд, ки аз ин даргоҳи илму маърифат то ҳол ҳеҷ нафар аз ҷавонон ба ин роҳи номатлуби ҷомеа даст назадаанд, ҳоло он ки аз дигар муассисаҳои олии таълимӣ аз ин роҳи номатлуб ҷавонон баргардонида шудаанд. Намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳимзода У., дар баромади хеш ибрози андеша намуданд, ки зуроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳои дигари этникӣ аз ҷони ҷомеа ва давлат мумкин аст, ки эътирозҳоро ба вуҷуд оварад, ки он мумкин аст, ки ба ифротгароӣ ва экстремистӣ сабзида расад.
Дар қисмати ҷамъбастӣ мудири кафедраи сиёсатшиносии донишгоҳ дотсент Бедилов Ҳ., ва мудири кафедраи фалсафаи донишгоҳ дотсент Бердиев Ш., перомуни ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣва экстремистӣ андешаҳои худро баён намуданд. Дар охир бо донишҷуён суҳбати озоду шаффоф баргузор гардид, ки Абубакри Зикулло ва чанд нафари дигар доир ба мавзӯъҳои дар боло матраҳ шуда саволҳо дода, ба саволҳои худ низ ҷавобҳои мушаххас ва дақиқ гирифтанд.

Шуъбаи кор бо

ҷавонони ДДОТ

 

74.JPG - 99.86 Kb 75.JPG - 54.75 Kb 76.JPG - 72.87 Kb 77.JPG - 95.86 Kb

78.JPG - 95.68 Kb 79.JPG - 100.83 Kb 80.JPG - 54.54 Kb 81.JPG - 56.23 Kb 82.JPG - 79.16 Kb 83.JPG - 58.38 Kb 84.JPG - 86.17 Kb 89.JPG - 84.38 Kb 85.JPG - 81.15 Kb 86.JPG - 78.83 Kb 87.JPG - 83.26 Kb 88.JPG - 96.12 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj