• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Роҳнамои миллат

(мизи мудаввар)

s.jpg - 106.20 KbДар санаи 16-уми ноябри соли 2019 дар кафедраи услубшиносӣ ва назарияи тарҷумаи факултети забони англисӣ бо иштироки мудири кафедра дотсент н.и.ф Каримов Шуҳрат, яқ қатор омӯзгорони кафедра ва донишҷӯён мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти унвони «Роҳнамои миллат» баргузор гардид.

Сараввал мудири кафедраи услубшиносӣ ва назарияи тарҷума  Каримов Шуҳрат суханронӣ намуда, ба мизи мудаввар ҳусни оғоз бахшиданд.

Инчунин саромӯзгори кафедра Ҳафизова Барно дар мавзӯъи «Ҳаёт ва фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» маърӯза  намуд.

Баъд аз баромади омӯзгори кафедра донишҷӯёне, ки тибқи квотаи президентӣ таҳсил менамоянд, аз ҷумла Давлатмамадова Замира, Эсоева Ганҷина, Муқумова Махфиратхон, Абдуллоева Таманно, Саидов Умед, Тошболтаева Муҳайё ва Назаралиева Нилуфар бо маърӯзаҳои «Асарҳои Пешвои миллат дар тарбияи ҷавонон», «Пешвои мо - ифтихори мо» ва шеъру таронаҳо дар васфи «Ватан» қироат карданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз тарафи яке аз омӯзгори кафедраи мазкур Хушматов Намозалӣ наворҳо ва презентатсияҳо пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Кафедраи услубшиносӣ ва назарияи тарҷума

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj