• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

Нақши ҲХДТ дар масири давлатдории навини тоҷикон

172.JPG - 92.80 KbҲамасола дар кишвари азизамон-Тоҷикистон 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президент бо шӯкуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Аз ин рӯзи таърихӣ тамоми муассисаҳои олӣ ва миёнаи кишвар, ташкилоту корхонаҳо ва дигар сохтору мақомотҳои кишвар бо баргузории мизҳои мудаввару конференсияҳо ва чорабиниҳои илмӣ-фарҳангиву  барномаҳои консертӣ  пешвоз мегиранд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки яке аз ҳизбҳои пешсафи кишвар ба ҳисоб рафта, дар сари ҳокимият қарор дорад,  дар ҳамин рӯзу ҳамин сол аз ташкилёбиаш 25 сол муқаддам пур шуд. Бинобар ин  санаи 15-уми ноябри соли равон дар Кохи Суруш бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Форум-консерти идона таҳти унвони «Нақши ҲХДТ дар масири давлатдории навини тоҷикон» баргузор гардид.  Дар ин форум раиси ноҳияи И.Сомонӣ Самӣ Шариф, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Раҳмонзода З, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ Расулзода Н, иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ  Афзалов Ғ. ва инчунин ректорони муассисаҳои олии касбии кишвар иштирок доштанд. Нахуст меҳмонон ба сухан баромада, доир ба солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, қабули Иҷлосияи тақдирсоз, таҳдиди гуруснагӣ ба аҳолӣ ва дигар мавзӯъҳо баромад намуданд. Бояд гуфт, ки дар ин Форум ректори донишгоҳ, раиси ташкилоти ибтидоӣ-ҳизбии «Омӯзгор» муҳтарам Ғаффорӣ Н.У., котиби  ташкилоти ибтидоӣ-ҳизбии «Омӯзгор» Қувватов С., муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ муҳтарама Мусоҷонзода Ҷ.М., раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ Раҷабов Д,. ва инчунин  зиёда аз 80 нафар донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.  Сипас барномаи консертӣ оғоз гардида, табъи ҳозиринро болида гардониданд. Бояд қайд кард, ки ҳадаф аз баргузории ин форум дар сатҳи баланди ташкили ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва 25-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  мебошад.

Абдулхайр Абдураҳмонов,

хабарнигори ҷамоатӣ

 

173.JPG - 81.38 Kb 174.JPG - 95.51 Kb 175.JPG - 95.26 Kb 176.JPG - 87.17 Kb 177.JPG - 82.17 Kb 179.JPG - 78.73 Kb 180.JPG - 90.68 Kb 181.JPG - 80.31 Kb 182.JPG - 79.30 Kb 183.JPG - 103.05 Kb 185.JPG - 89.82 Kb 186.JPG - 104.52 Kb 187.JPG - 108.17 Kb 188.JPG - 100.28 Kb 189.JPG - 77.46 Kb 190.JPG - 107.95 Kb 191.JPG - 112.86 Kb 192.JPG - 114.24 Kb 193.JPG - 109.28 Kb 194.JPG - 101.07 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj