• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

 

Ба Президентамон содиқем

205.JPG - 85.39 KbСанаи 18-уми ноябри соли равон дар факултети химия тибқи нақша-чорабиниҳои факултет чорабинии илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Ба Президентамон содиқем» баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ раиси шӯрои кураторони донишгоҳ Гулчеҳра Баротова, сармутахассиси раёсати таълим Содиқов  М, декани факултети химия М.Усмонов, муовинони декан, кураторони гурӯҳҳои академӣ ва донишҷӯёни факултет иштирок намуданд. Нахуст декани факултет муҳтарам М.Усмонов  суханрони намуда, ба чорабинии мазкур ҳусни оғоз бахшид. Суруди миллии Тоҷикистон бо садои зинда садо дода, дар идомаи чорабини аз тарафи донишҷӯёни факултет маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад карда шуд. Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ бошад, донишҷӯи соли аввали факултет Суннатзода Шукрона бо садои диловези худ ҳозиринро болидарӯҳ гардонид. Ҳамчунин дар идомаи чорабинӣ викторина баргузор гардида, ҳар як гурӯҳи академиро  як нафар намояндагӣ мекард. Ҳамин тариқ, се гурӯҳи академии факултет соҳиби ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд. Дар фарҷоми чорабинӣ раиси шӯрои кураторони донишгоҳ муҳтарама Гулчеҳра Баротова суханрони намуда, ба чорабинии мазкур баҳои баланд доданд. Бо суруду таронаҳои дилнишин чорабинии мазкур ба итмом расид.

 

Абдулхайр Абдураҳмонов,

раиси Созмони ҷавонони факултети химия

 

201.JPG - 86.21 Kb 202.JPG - 104.12 Kb 203.JPG - 72.47 Kb 204.JPG - 79.01 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj