• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

Истиқбол аз Рӯзи Парчами давлатӣ

239.JPG - 69.96 KbДар санаи 23-юми ноябри соли ҷорӣ дар факултети биология аз Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати беандоза истиқбол гирифта шуд, ки дар он раиси Шӯрои кураторони донишгоҳ Гулчеҳра Б., декани факултети биология Ғайратов М.,муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Раҷабова Б., омӯзгорони факулта Балхова Л., Давлатов С. ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд. Нахуст бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Парчами давлатӣ ба саҳна дароварда шуд. Сипас донишҷӯёни факултет Амиршозода Т., Юсуфзода М., Шарипов С., Паҳлавонова С. бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои хеш баромад намуда, доир ба нахустпарчами миллати куҳанбунёди тоҷик «Дирафши Коваёнӣ»  маълумот доданд. Инчунин бо намоишу презентатсияҳо ба таври айёният рангҳо ва намуди парчамҳое, ки халқи тоҷик дар тули чандинасраи худ дошт, маълумот доданд. Дар фарҷом декани факултет муҳтарам Ғайратов Меҳровар суханронӣ намуда, нахуст тамоми ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуда, ба донишҷӯёни фаъоли факулта ифтихорномаҳои садорати факултетро супориданд.

 

Факултети биология

233.JPG - 83.40 Kb 234.JPG - 91.16 Kb 235.JPG - 89.10 Kb 237.JPG - 87.92 Kb 238.JPG - 94.59 Kb 240.JPG - 87.96 Kb 241.JPG - 76.51 Kb 243.JPG - 67.66 Kb

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj