• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

Конфренсияи 2-юми байналмилалии илмӣ-амалии

“Проблеммаҳои муосири таҳсилоти математикӣ,

физикӣ ва информатсионӣ дар мактабҳои миёнаю олӣ”

(бахшида ба 70 – солагии Мансур Нӯъмонов)

295.JPG - 79.27 KbСанаи 30-уми ноябри соли 2019 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси факултетҳои математика ва физика конфренсияи 2-юми байналмилалии илмӣ-амалии “Проблеммаҳои муосири таҳсилоти математикӣ, физикӣ ва информатсионӣ дар мактабҳои миёнаю олӣ” бахшида ба 70 солагии риёзидони машҳури тоҷик, узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Мансур Нӯъмонов баргузор гардид.

Дар ин конфренсияи сатҳи байналмилалӣ аз кишварҳои Афғонистон, Эрон, Ӯзбекистон, Туркия ва дигар кишварҳо олимони соҳаи математика ва физика даъват шуда буданд. Аз дохили кишвар бошад, ҳайати профессорону омӯзгорон аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва дигар донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар иштирок намуданд. Конфренсияи мазкурро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, раисии ин конфренсияи мазкурро бар ӯҳдаи муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, д.и.б., профессор Мирзораҳимов А. вогузор намуданд.  Дар идома доктори илмҳои педагогӣ, профессор, узви вобастаи АТТ Шербоев С., доктори илмҳои педагогӣ, профессор, узви вобастаи АТТ Нӯъмонов М. дар мавзӯи “Принсипҳо ва методҳои таҳқиқотии методикаи таълими математика”, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Умаров У. дар мавзӯи “Самтҳои имконпазири такмил додани таълими физикӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ” суханронӣ намуданд.

Конфренсияи мазкур аз панҷ бахш иборат мебошад:

1. Масъалаҳои умумии таълими фанҳои табиӣ-риёзӣ

2. Проблемаҳои муосири математика

3. Проблемаҳои муосири методикаи таълими математика дар мактабҳои миёна ва олӣ

4. Проблемаҳои методикаи таълими физика дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва тайёрии касбӣ-методии муаллими физика лар мактаби олӣ

5. Проблемаҳои муосири методикаи таълими информатика дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олӣ

Баъд аз анҷомёбии қисмати ифтитоҳӣ дар толори бинои асосӣ, кори конфренсия дар бахшҳо оғоз гардид. Бахшҳо дар факултетҳои физика ва математика идома ёфтанд.

 

295.JPG - 79.27 Kb 296.JPG - 105.23 Kb 297.JPG - 97.76 Kb 298.JPG - 95.78 Kb

299.JPG - 56.34 Kb 300.JPG - 99.45 Kb 301.JPG - 82.97 Kb 302.JPG - 140.96 Kb

303.JPG - 144.93 Kb 304.JPG - 127.73 Kb 305.JPG - 81.70 Kb 306.JPG - 177.08 Kb

307.JPG - 82.52 Kb 308.JPG - 101.21 Kb 309.JPG - 133.17 Kb 310.JPG - 81.18 Kb

311.JPG - 77.90 Kb 312.JPG - 77.36 Kb 313.JPG - 120.50 Kb 314.JPG - 127.89 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj