• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

Вохӯрии намояндагони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯён

345.JPG - 166.41 KbСанаи 04-уми декабри соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин  Айнӣ вохӯрии намояндагони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ - Мусоҷонзода Ҷамила Мансур, муовини аввали директори эндокринологияи шаҳри Душанбе - Хушнудҷони Мирзомурод, сармутахассиси раёсати тандурустии шаҳри Душанбе  - Қузибоев Қосимҷон, сармутахассиси Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе оид ба асабшиносӣ - Ҷумаев Мирдодо Шарофович, Сардори шуъбаи тиббии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар - Раҳимов Илҳом, табибони дармонгоҳи донишгоҳ ва зиёда аз 400 нафар донишҷӯён иштирок намуданд. Баъди ба тариқи зинда хонда шудани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ - Мусоҷонзода Ҷамила Мансур меҳмононро хайрамақдам гуфта, онҳоро бо донишҷӯён шинос намуданд. Намояндагони муассисаҳои номбурда, дар бораи пайдошавии бемории ВНМО/БНМО, роҳҳои муҳофизат ва пешгирии аз ин вируси ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвишоварда суханронӣ намуданд.

Мақсад аз баргузор намудани вохӯрии мазкур корҳои тарғиботиву иттилоотӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории ВНМО/БНМО мебошад.

Дар охир бо донишҷӯён дар доираи мавзӯи мазкур аз тарафи намояндагон саволҳо пешниҳод гардид ва донишҷӯёне, ки ба саволҳо ҷавобҳои дуруст гардониданд бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

 

343.JPG - 218.95 Kb 344.JPG - 216.82 Kb 346.JPG - 205.70 Kb 347.JPG - 205.66 Kb

348.JPG - 184.89 Kb 349.JPG - 167.63 Kb 350.JPG - 182.24 Kb 351.JPG - 203.21 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj