• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

“16-рӯз алайҳи зӯроварӣ”

(мизи мудаввар)

362.jpg - 692.46 KbДар санаи 7-уми декабри соли 2019 мизи мудаввар бахшида ба “16-рӯз алайҳи зӯроварӣ” дар факултети психология ва таҳсилоти фарогир, кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва муносибатҳои оилавӣ гузаронида шуд.

Дар он декани факултет Обидова М.И., мудири кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва муносибатҳои оилавӣ Кенҷаева З.Х., ҷонишини декан оид ба корҳои таълимӣ Маҳмудов Ш., ҷонишини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Сафаров У., омӯзгорони кафедраҳои факултет ва донишҷӯён иштирок намуданд. Бояд қайд кард, ки дар омода намудани чорабинии мазкур саҳми омӯзгорон Муродзода С. ва Фархуддинова Ҷ.  зиёд мебошад.

Чорабиниро мудири кафедра Кенҷаева З.Х. кушода, оид ба вазъияти имрӯзаи ҷомеа нисбати хушунат ва зӯроварӣ гуфта гузаштанд ва ҳамаро барои кушиш аз пешгирии зӯроварӣ бетараф набудан таъкид намуданд.

Баъдан донишҷӯён дар мавзӯҳои “Мафҳуми зӯроварӣ дар оила”, ”Низоъ дар  оила”, ”Роҳҳои бартараф намудани зуроварӣ дар оила” ва ғайра маърӯза намуда, презинтатсияҳоро ба намоиш гузоштанд.

Декани факултет Обидова М.И. дар ҷамбасти чорабинии имрӯза минатдории худро ба мудири кафедра Кенҷаева З.Х., ба муаллимони кафедра ва донишҷӯёни фаъоли курсҳои 1-2-3-юми ихтисоси психологияи муносибатҳои оилавӣ расониданд ва донишҷӯён барои иштироки фаъолонаашон дар чорабинӣ сазовори ифтихорномаҳо гардиданд.

 

Кафедраи психологияи иҷтимоӣ

ва муносибатҳои оилавӣ

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj